Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои сиёҳе, ки силоҳ ҳокими кишвар буд...


Дар 20 соли истиқлолият ба иллати ҷанги дохилӣ Тоҷикистон муддати чанд сол ба гаравгони ҷангсолорон табдил ёфта буд.

Онҳо зиндагии мардум, ҳокимияти шаҳру навоҳӣ, иқтисодиёту тиҷорат ва ҳатто порлумони кишварро зери назорат дароварда буданд.

Шояд кам касон акнун корвони мошинҳову муҳофизони онҳоро дар хотир дорад ва эҳтимол мансабдорони каме дар сари кор боқӣ мондаанд, ки бо мили силоҳи ҷангсолорон ба курсиҳо соҳиб гаштанд.

Онҳо орзу доштанд, ҳамин гуна нуфузи хешро нигаҳ доранд ва бо зӯри силоҳу дастаҳои мусаллаҳи хеш шоҳона зиндагӣ кунанд. Вале дар як давра фурсате расид, ки ё бояд давлат боқӣ мемонд ё онҳо ва ин ду наметавонистанд, дар як дег биҷӯшанд. Баъд аз поёни кори порлумони солҳои 1995-2000 аввал пеши роҳи онҳо ба маҷлиси қонунгузор гирифта шуд ва барномаи хунсои тадриҷии онҳо пиёда гардид. Оё сарнавишти онҳо бо чӣ поён ёфт, дар ин навори видеои Радиои Озодӣ бинед:

Рӯзҳое, ки силоҳ ҳокими кишвар буд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим

Сафҳае бо видеоҳо ва матолиб аз бойгонии Радиои Озодӣ дар бораи ҷанг ва сулҳи Тоҷикистонро низ бубинед.

XS
SM
MD
LG