Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ҳар се голи низомиёнро ҳамлагар Комил Саидов ба самар расонд. Воқеан, Комил бо 16 гол дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот ба ҷойи аввал баромад.
Вале Хабир Давлатов, сардори дастаи ССКА “Помир”, аз он изҳори таассуф кард, ки ҳамлагари моҳир Комил Саидов ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват нашудааст.
Ҷаноби Давлатов ба Озодӣ гуфт: “Комил Саидов узви дастаи миллии Тоҷикистон буд. Ягона голи мунтахаби моро ба
дарвозаи тими миллии Сурия дар Урдун Комил зада буд. Ва ҳоло ҳам тавассути интернет аз ин голи зебои ӯ ҳазорҳо бинандагон лаззат мебаранд. Комил дар ҳамин ҳол беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии кишвар аст. Вале мо ҳайронем, ки чаро ӯро Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба дастаи мунтахаб даъват накард. Ҳол он ки дастаи мунтахаби кишвар ба ҳамлагари голзан ниёз дорад. Ва мо инро дар бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Узбакистон хуб эҳсос намудем.”
Дар бозии дигари даври 29-ум дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар майдони худ тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро Бахтиёр Муҳаммадов дар нимаи аввали бозӣ (дақиқаи 17-ум – аз пеналти ва дақиқаи 28-ум) ба ҳадаф расонд.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 16 гол дар ҷойи аввал аст. Фозил Сатторов ("Равшан") бо 15 гол дар ҷойи дуввум ва Габриэл Донто (“Энергетик”) бо 14 гол дар ҷойи севум қарор доранд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷой |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1. |
“Равшан” |
25 |
19 |
2 |
4 |
47-20 |
59 |
2. |
"Регар-ТадАЗ" |
23 |
17 |
3 |
3 |
60-18 |
54 |
3. |
“Истиқлол” |
20 |
17 |
1 |
2 |
50-11 |
52 |
4. |
"Хайр" |
26 |
14 |
3 |
9 |
46-27 |
45 |
5. |
“Энергетик” |
25 |
13 |
2 |
10 |
48-40 |
41 |
6. |
ССКА “Помир” |
25 |
12 |
1 |
12 |
47-45 |
37 |
7. |
"Хуҷанд" |
24 |
8 |
4 |
12 |
32-45 |
28 |
8. |
"Вахш" |
24 |
8 |
1 |
15 |
24-32 |
25 |
9. |
“Парвоз” |
25 |
7 |
3 |
15 |
27-50 |
24 |
10. |
“Шодмон” |
26 |
5 |
2 |
19 |
27-62 |
17 |
11. |
"Гвардия" |
25 |
2 |
2 |
21 |
19-77 |
8 |
Федератсиюни футболи Тоҷикистон ба иллати ширкати бозигарони тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 панҷ бозии мусобиқоти лигаи олиро ба мӯҳлати дертар гузаронд: “Истиқлол” - “Вахш” (даври 28-ум), “Истиқлол” - “Равшан” (даври 29-ум), “Истиқлол” - “Хуҷанд” (даври 18-ум), “Регар-ТадАЗ”- “Хуҷанд” (даври 28-ум), “Регар-ТадАЗ” - “Парвоз” (даври 29-ум).
20-уми сентябр (сешанбе)
«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»
«Вахш» - «Энергетик»
«Хайр» - «Шодмон»
Ҷоми Тоҷикистон-2011
Даври дуввум. Бозиҳои аввал.
10-уми сентябр (шанбе)
ССКА “Помир”- «Гвардия»
«Равшан» - «Энергетик»
«Вахш» - «Шодмон»
«Регар-ТадАЗ» - «Ҳулбук»
11-уми сентябр (якшанбе)
“Кӯктош” - “Хайр”
Оғози бозиҳо – соати 16.30.
Рӯзи 5-уми сентябр давраи дуввуми сабқати Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо се бозии даври 16-ум шурӯъ мешавад: «Данғара» (Данғара) - «Зарафшон» (Панҷакент), «Ҳосилот» (Фархор) - «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ), «Локомотив» (Душанбе) - «Ҳулбук» (Восеъ).
Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, се бозии дигари даври 16-уми сабқати Лигаи якум ба иллати даъвати бозигарони баъзе дастаҳо ба ҷамъомади таълимиву тамринии тими мунтахаби наврасони то16-солаи кишвар дар шаҳри Норак ва баргузории чорабиниҳои идона бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст: «Ҷавонон” (Турсунзода) – «Рашт» (Рашт), «Саройкамар» (Панҷ) - «Вахши зарнисор» (Вахш), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - «Пахтакор» (Қубодиён).