Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Тоҷикистон ба Узбакистон дар Ҷоми ҷаҳон-2014


Лаҳзае аз бозии миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шҳари Турсунзода, 2 сентябри соли 2011
Лаҳзае аз бозии миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шҳари Турсунзода, 2 сентябри соли 2011

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Ин бозии гурӯҳи “С” рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури беш аз 15 000 тамошогар баргузор шуд.

Ҳайатҳои дастаҳо чунин буд:

Тоҷикистон:
Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Сувонқулов, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Маҳмадалӣ Содиқов (Иброҳим Рабимов, 59), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фарҳод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Илҳомҷон Ортиқов, 68), Нӯъмонҷон Ҳакимов (Дилшод Восиев, 51), Юсуф Рабиев (капитани даста).
Сармураббӣ: Олимҷон Рафиков.

Узбакистон: Игнатий Нестеров, Шавкатҷон Муллоҷонов, Азизбек Ҳайдаров, Сарвар Ҷеперов (капитан, Улуғбек Бақоев, 65), Одил Аҳмадов, Станислав Андреев (Санҷар Турсунов, 46), Александр Гейнрих, Максим Шатских, Виталий Денисов, Ислом Тӯхтахуҷаев, Виктор Карпенко (Темур Кападзе, 46).
Сармураббӣ: Вадим Абрамов.

Сардовар: Ҳай Тан (Чин).
Нозири доварон: Аҳмад Ҷумъа (Аморати Муттаҳидаи Араб).
Комиссари бозӣ: Муҳаммад Ризо Касроӣ (Эрон).

Бозии ҳарифони дерин – футболбозони Тоҷикистону Узбакистон пуршиддату шавқангез сурат гирифт. Мизбонон ба рақибони пурқуввати худ муқовимати шадид нишон доданд. Футболбозони ҳарду даста дар ҷараёни қувваозмоӣ лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.

Голи ягона дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 72-юм зада шуд. Баъди он ки ҳимоятгари мизбонон Давронҷон Эргашев дар ҷаримагоҳи дастааш бозигари меҳмонон Александр Гейнрихро, ки бо тӯб ҳуҷум мекард, афтонд, сардовар Ҳай Тан ҷаримаи 11-метра таъин кард.

Тӯби аз пеналти задаи Максим Шатскихро дарвозабони дастаи Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев баргардонд. Дар ҷаримагоҳ ба тӯб боз меҳмонон соҳиб шуданд ва баъди зарбаи дубораи Максим Шатских тӯб ба кунҷи дарвоза даромад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:52 0:00
Линки мустақим


Ин бозии ҳафтуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Узбакистон маҳсуб мешуд. Ҳамин тариқ, дар се бозӣ мунтахаби Узбакистон ва дар як бозӣ дастаи Тоҷикистон ғолиб омадаанд, се бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфтааст.

Пас аз анҷоми ин бозӣ нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста баргузор шуд.

Олимҷон Рафиков (аз тарафи рост дуввум) дар нишасти хабарии қабл аз бозии миёни тимҳои Тоҷикистону Узбакистон, 1 сентябри соли 2011
Нахуст Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Вай, аз ҷумла, гуфт: "Аввалан дастаи мунтахаби Узбакистонро бо ғалаба табрик мегӯям. Мунтахаби Узбакистон дастаи пурқувват аст. Метавон гуфт, ки онҳо донишкадаро хатм кардаанд, мо бошем, навакак мактаби миёнаро ба итмом расондаем. Бинобар ин ба мо мушкил буд. Бачаҳои мо ба чунин бозӣ одат накардаанд. Ташаккур ба онҳо,ки кӯшиш карданд дастури моро ба ҷо оранд ва тамоми қувваашонро сарф намуданд. Вале, мутаассифона, сатҳи чемпионати Тоҷикистон хеле паст аст.Чунин бозиҳо дар мусобиқоти мо, ҳатто миёни пешсафон, ба назар намерасад. Бачаҳои мо кӯшиш карданд, ки бозии хуб нишон диҳанд ва ғалаба ё ҳадди ақал бозиро мусовӣ кунанд, вале ин ба мо муяссар нашуд. Барои мо мусовӣ ба пирӯзӣ баробар буд. Вале мо, ки тасодуфан бо бурди “лотерея” ба ин гурӯҳ шомил шудем, аз рақибони пурқуввати худ бисёр чиз меомӯзем ва таҷоруби бозии байналмилалӣ касб мекунем. Пирӯзии дастаи Узбакистон шоиста аст. Мо низ имкони голзанӣ доштем. Аммо имкони меҳмонон бештар буд. Ман пеш аз гол Илҳомҷон Ортиқовро ба майдон баровардам, ки ин иштибоҳи ман аст. Ман бояд каме сабр мекардам ва ӯро дертар ба майдон мебаровардам. Зеро ин ҷо лаҳзаи таҳавуллӣ буд. Дар самти чап бозигарони мо зуд-зуд ба хатоиҳо роҳ медоданд. Бинобар ин ман ӯро барои мустаҳкам кардани ин самт баровардам, вале Ортиқов ҳам хато кард ва ҳуҷуми меҳмонон маҳз аз ҳамин самт сар шуд ва бо пеналти анҷомид."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00
Линки мустақим


Вадим Абрамов, сармурабии тими миллии Узбакистон
Сипас Вадим Абрамов, сармураббии тими миллии Узбакистон, андешаҳои худро дар бораи ин бозӣ ба хабарнигорон иброз дошт. Вай, аз ҷумла, гуфт: "Медонистам, ки пирӯзӣ ба мо ба осонӣ ба даст намеояд. Ғалаба ғалаба аст, новобаста аз ҳисоби бозӣ, ки 1:0 ва ё дигар аст, мо вазифаи худро иҷро кардем. Ман фикр мекунам, ки агар футболбозони тоҷик муқобили тимҳои Ҷопону Куриёи Шимолӣ низ ҳамин тур бозӣ кунанд, барои рақибонашон мушкилоти зиёд эҷод мекунанд. Ба дастаи Тоҷикистон барори кор мехоҳам ва гуфтаниам, ки дар мавриди ташкили дурусти бозӣ мунтахаби Тоҷикистон метавонад бар тимҳои Ҷопону Куриё пирӯз шавад. Яъне ҳама шонс доранд. Мо аз пазироии мизбонон хушнудем. Бозии дастаҳои ду кишвари ҳамсоя ҳамеша шавқангез сурат мегирад. Мо медонистем, ки варзишгоҳ пур аз мухлисон мешавад. Аз ин бозӣ, ки шавқангез гузашт, онҳо лаззат бурданд. Ва бо вуҷуди он ки дастаи Тоҷикистон бозиро бохт, ба таври шоиста бозӣ кард. Вақте ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон бозӣ мекард, мо ба онҳо мухлисӣ мекардем ва замоне ки дастаи мунтахаби мо дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар бозӣ мекард, тоҷикистониён ба мо мухлисӣ мекарданд."



Дар бозии дигари гурӯҳи “С” мунтахаби Ҷопон дар майдони худ тими Куриёи Шимолиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голро дар замони изофӣ (90+4) ҳимоятгар Мая Йошидо ба самар расонд.

Бозиҳои даври аввали сабқати гурӯҳӣ рӯзи 2-юми сентябр бо ширкати 20 даста дар 5 гурӯҳ бо чунин натиҷаҳо поён ёфтанд:

Гурӯҳи “А” - Чин – Сингапур – 2:1 (0:1)
Ироқ – Урдун – 0:2 (0:1)

Гурӯҳи “В” - Куриёи Ҷанубӣ – Лубнон – 6:0 (2:0)
Аморати Муттаҳидаи Араб – Кувайт – 2:3 (0:1)

Гурӯҳи “С” - Тоҷикистон – Узбакистон – 0:1 (0:0)
Ҷопон – Куриёи Шимолӣ – 1:0 (0:0)

Гурӯҳи “D” - Австралия – Тайланд – 2:1 (0:1)
Умон – Арабистони Саудӣ – 0:0

Гурӯҳи “Е” - Эрон – Индонезия – 3:0 (0:0)
Баҳрайн - Қатар – 0:0)

Бозиҳои даври дуввум рӯзи 6-уми сентябр баргузор мешаванд:

Куриёи Шимолӣ – Тоҷикистон
Лубнон – Аморати Муттаҳидаи Араб
Тайланд – Умон
Урдун – Чин
Узбакистон – Ҷопон
Индонезия – Баҳрайн
Сингапур – Ироқ
Қатар – Эрон
Кувайт – Куриёи Ҷанубӣ
Арабистони Саудӣ - Австралия

Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (Оғози бозӣ)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:56 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (9 дақиқаи аввал)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:10 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 9 то 18-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:08 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 18 то 26-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:10 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 26 то 35-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:32 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 35 то 44-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:21 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 44 то 52-юм)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:46 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 52 то 61-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:05 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 61 то 70-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:08 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 70 то 79-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:56 0:00
Линки мустақим


Бозии тимҳои Тоҷикистону Узбакистон (аз дақиқаи 79 то 88-ум)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:08 0:00
Линки мустақим


Лаҳзаҳои охири бозӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Узбакистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:50 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG