Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон


Дар ҷаласаи ҳукумати кишвар “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016” қабул шуд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон хабар дод.

Вай афзуд: "Ин барнома дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташ бо варзишгарони кишвар 20-уми декабри соли 2010, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Ҳадафи барномаи мазкур рушди футбол дар Тоҷикистон буда, барои расидан ба ин ҳадаф иҷрои масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: фароҳам овардани шароити муносиб барои машғулиятҳо, ба бозии футбол ҳарчи бештар ҷалб намудани аҳолӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани майдонҳои футбол, рушди футболи бачагона ва пайдо намудани истеъдодҳои нав, мукаммал гардондани фаъолияти мураббиён, доварон ва такмили ихтисоси онҳо, сохтмони майдонҳои нави футбол ва таъмиру барқарор намудани майдонҳои мавҷудбуда ва ғайра. Бар асоси ин барнома, инчунин, сохтмони варзишгоҳи нави дорои 50 000 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе дар назар аст."

Ба гуфтаи ҷаноби Нуров иҷрокунандагони чорабиниҳои барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи футболи кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд.

Ба назари коршиносони соҳа иҷроиши саривақтӣ ва мақсадноки бандҳои барномаи мазкур барои рушди футбол дар кишвар ва рақобатпазирии футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG