Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии дзюдо


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Пориси Фаронса ноком гаштанд.

Рӯзи чаҳоруми мусобиқот, 26-уми август, Парвиз Собиров, ки аз даври аввали рақобатҳо дар вазни то 90 кило озод буд, дар даври дуввум мебоист бо Патрик Кподар (Того) қувва меозмуд, вале рақибаш аз сабқат хориҷ шуд ва паҳлавони тоҷик бидуни рақобат ба даври севум роҳ ёфт. Вале Парвиз аз Дилшод Чориев (Узбакистон) шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб аз 6 паҳлавони тоҷик 5 нафар аз ҳаққи идомаи мубориза дар сабқати ҷаҳонӣ маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамшед Халилов дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 60 кило аз гуштигири Гурҷистон Амиран Папинашвили ва Расул Боқиев дар вазни то 73 кило аз Андреа Регисуи итолиёвӣ ноком шуда буданд.

Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило баъди се пирӯзӣ бар Робен Пакер (Шветсия), Ричардсон Дуверҷӣ (Гаити) ва Олимбек Юсупов (Қирғизистон), дар даври чаҳорум аз Срдҷан Мрвалҷевик (Монтенегро) мағлуб гашт.

Шералӣ Бозоров дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум аз Эммануел Лукнетии аргентинӣ шикаст хӯрд.
Дар рӯзи охирини мусобиқот, 27-уми август, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 кило бар Милан Дисовис (Сербия) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Максим Ракови қазоқистонӣ мағлуб шуд.

Барандагони медалҳои мусобиқот миёни мардон

-60 кг

1. СОБИРОВ Ришод (Узбакистон)
2. ХИРАОКА Хироаки (Ҷопон)
3. МУШКИЕВ Илгар (Озарбойҷон)
3. ЗАНТАРАЙЯ Георгий (Укроин)

-66 кг

1. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
2. КУНХА Леандро (Бразил)
3. ЧО Жун-Хо (Кореяи Ҷанубӣ)
3. МОГУШКОВ Мӯсо (Русия)

-73 кг

1. НАКАЙЯ Рики (Ҷопон)
2. ЭЛМОНТ Декс (Нидерланд)
3. ҶӮРАҚОБИЛОВ Наврӯз (Узбакистон)
3. ЛЕГРАНД Уго (Фаронса)

-81 кг

1. КИМ Ҷае-Бум (Кореяи Ҷанубӣ)
2. МРВАЛҶЕВИЧ Срдҷан (Монтенегро)
3. ГУИЛХЕЙРО Леандро (Бразил)
3. ТОМА Сергий (Молдова)

-90 кг

1. ИЛИАДИС Илиас (Юнон)
2. НИШИЯМА Даики (Ҷопон)
3. ГОНЗАЛЕЗ Эшли (Куба)
3. ОНО Такаши (Ҷопон)

-100 кг

1. ҲАЙБУЛЛОЕВ Тагир (Русия)
2. РАКОВ Максим (Қазоқистон)
3. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
3. СИРЕКИДЗЕ Иракли (Гурҷистон)

+100 кг

1. РИНЕР Тедди (Фаронса)
2. ТОЕЛЗЕР Андреас (Олмон)
3. КИМ Сунг-Мин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. МИХАЙЛИН Александр (Русия)

Ҳамзамон гуштигирони ҷавони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии гуштии озод байни наврасон дар Маҷористон ба нокомӣ дучор шуданд. Фирӯз Ёқубов дар вазни то 76 кг баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Субаса Асаии ҷопонӣ, дар даври баъдӣ аз Элхон Шарифови озарбойҷонӣ мағлуб гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Фахриддин Салимзода бошад, дар вазни то 100 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Саид Гамбетов (Озарбойҷон) шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG