Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати бозигарони тими миллии Тоҷикистон эълон шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба рӯйхат 25 футболбоз аз тимҳои "Истиқлол", "Регар-ТадАЗ", "Равшан" ва ССКА "Помир" шомил шудаанд.

Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигаронеро, ки ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ пеш аз бозии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими миллии Узбакистон даъват шудаанд, эълон кард.

Ба рӯйхат 25 футболбоз дохил шудааст: 15 нафар аз “Истиқлол”-и Душанбе, 7 нафар аз “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, якнафарӣ аз “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе ва як легионер.

Легионерҳо ҳимоятгар Фарҳод Восиев (“Шинник”, Ярославли Русия) ва нимҳимоятгар Манучеҳр Ҷалилов ("Локомотив-2"-и Маскав) даъвати роҳбарони дастаи мунтахаби Тоҷикистонро пазируфтаанд ва се рӯз пеш аз бозӣ бо Узбакистон ба дастаи мунтахаб ҳамроҳ мешаванд.

Чор нафари дигар - ҳимоятгарон Одил Бобоназаров (“Рубин-2”, Қазон), Искандар Ҷалилов (ҳайати эҳтиётии “Рубин”, Қазон) ва ҳамлагар Муҳаммад Султонов (ҳайати эҳтиётии ССКА, Маскав), ки дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ мекунанд, бо сабабҳои гуногун дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ширкат карда наметавонанд. Наим Шарифӣ ("Капфенберг"-и Австрия) аз иштирок дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон худдорӣ кард.

Ба гуфтаи Олимҷон Рафиков шогирди футболи тоҷик Акмал Холматов, ки шаҳрвандии Узбакистонро пазируфтааст, минбаъд ҳуқуқ надорад, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24-уми август дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шурӯъ кард.

Рӯйхати бозигароне, ки ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват шудаанд:

Дарвозабонҳо:

Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”, Душанбе)
Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Владимир Сисоев (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)


Ҳимоятгарон:

Фарҳод Восиев (“Шинник”, Ярославл)
Даврон Эргашев (“Истиқлол”, Душанбе)
Эраҷ Раҷабов (“Истиқлол”, Душанбе)
Соҳиб Сувонқулов (“Истиқлол”, Душанбе)
Акмал Сабуров (“Истиқлол”, Душанбе)
Умед Ҳабибуллоев (“Истиқлол”, Душанбе)
Одил Эргашев ("Истиқлол", Душанбе)
Сафаралӣ Каримов (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Фаррух Чориев (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)

Нимҳимоятгарон:

Иброҳим Рабимов (“Истиқлол”, Душанбе)
Фатҳулло Фатҳуллоев (“Истиқлол”, Душанбе))
Маҳмадалӣ Содиқов (“Истиқлол”, Душанбе)
Дилшод Восиев (“Истиқлол”, Душанбе)
Ҷаҳонгир Ҷалилов (“Истиқлол”, Душанбе)
Нуриддин Давронов (“Истиқлол”, Душанбе)
Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Ҷамшед Исмоилов (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Илҳомҷон Ортиқов (ССКА “Помир”, Душанбе)

Ҳамлагарон:

Наврӯз Рустамов (“Равшан”, Кӯлоб)
Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Юсуф Рабиев (“Истиқлол”, Душанбе)
Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”, Душанбе)

Ҳамлагар Фозил Сатторов (“Равшан”, Кӯлоб), ки лат хӯрдааст, дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат надорад.

Бозии аввали даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбакистон 2-юми сентябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG