Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Афғонистон: "Мо ба барқи Тоҷикистон ниёз дорем"


Иҷрои қарордоде, ки интиқоли барқи Тоҷикистонро ба Афғонистон дар назар дошт, ба таъхир уфтодааст.

Қарордоди интиқоли барқ миёни ширкати хусусии Dams ва ширкати "Барқи тоҷик" дар авохири моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расида буд. Бар асоси ин қарордод, барқи Тоҷикистон бояд аз нерӯгоҳи
Бо вуҷуди талоши Узбакистону Туркманистон ҷиҳати пештозӣ дар бозори барқи Афғонистон, ҷойгоҳи Тоҷикистон ҳамеша собит хоҳад монд...

"Сангтӯда-1" ба манотиқи шимолии Афғонистон интиқол меёфт.

Вале ин тарҳ иҷро нашудааст. Сабабаш, ба гуфтаи масъулони ширкати "Барқи тоҷик", дар он аст, ки ширкати Dams мехоҳад, Тоҷикистон натанҳо се моҳи тобистон, балки дар фасли сармо низ шимоли Афғонистонро бо барқ таъмин бикунад.

Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангуи ширкати "Барқи тоҷик" гуфт: "Мо дар фасли зимистон тавони додани барқро надорем. Вале ҳоло Тоҷикистон бо теъдоди то 16 мегават барқи худро ба Афғонистон медиҳад. Ҳамин ки зеристгоҳҳои Кундуз ва Пули Хумрӣ ба истифода дода шаванд, Тоҷикистон ҳаҷми содироти худро дар фасли гармо бештар хоҳад кард."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00
Линки мустақим



Дар ҳоле ки бозорҳои энержии Афғонистон ниёз ба барқи арзони Тоҷикистон дораyд, давлати Узбакистон бо нархи се баробар гаронтар барқи худро ба ин кишвар интиқол медиҳад. Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, бо баргузории як нишасти хабарӣ дар робита ба радду бадалҳои ширкати хусусии "Дамс"-и Афғонистон ва "Барқи тоҷик" гуфт, ки ин баҳси ду ширкат аст, вале Афғонистон ҳамеша ба барқи Тоҷикистон ниёз дорад.

"Ин ки инҳо бинобар манофеи хусусии худ чӣ даргирӣ доранд, бигузор бимонад. Мавқеи ҳукумати Афғонистон ин аст, ки ба ҳар чӣ шароите Тоҷикистон барқи истеҳсол кунад, Афғонистон ниёз дорад. Ва агар ба ҳар куҷое ҳам, ки Тоҷикистон мехоҳад онро содир кунад, чӣ ба Покистон ва ё чӣ ба Эрон, Афғонистон мусоидат хоҳад кард",-гуфт ӯ.

Тоҷикистон дар баробари ниёзмандиҳои ҳамсояҳояш ба мисли Афғонистону Покистон ба энержӣ, зарфияти содироти барқи худро надорад. Ин кишвар дар фасли сармо ба дефитсити ё камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад ва ниёзҳои худро бароварада карда наметавонад.

Тоҷикистон танҳо умед ба сохтмони нерӯгоҳи бузурги Роғун дорад, ки танҳо дар сурати фаъол шудани он метавонад ҳамзамон талаботи бозори дохилӣ ва хориҷии худро таъмин созад. Аммо ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ бо бозрасии тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки то поёни ташхиси тарҳи “Роғун” аз сохтмони марҳилаи аввали он худдорӣ кунад.

Ҳомидҷон Орифов
Таҳлилгарон мегӯянд, ки чунин тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ бозори энержии кишварҳои амсоли Узабакистонро гарм ва Афғонистонро ба харидории барқи гарони Узбакистон ночор кардааст. Ҳомидҷон Орифов, раиси Кумитаи тоҷикистонии Кумиссюни сарбандҳои бузург, ба ин назар аст, ки воқеан чунин бархурди Бонки ҷаҳонӣ имкон медиҳад, то Узбакистон ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ин бозор танг кунанд.

Ӯ гуфт: "Акунун ҳамсояҳои мо бо ҳар роҳе мехоҳанд, ки ин бозорро соҳиб шаванд. Ғасб кунанд. Онҳо фаъолона ба Афғонистон ворид мешаванд. Албатта, онҳо медонанад, ки барқи мо арзон аст ва мо метвонем онҳоро танг кунему аз бозор биронем, вале онҳо ҳамин ҳоло аз фурсат истифода мебаранд. Онҳо ҳамин холигоҳро мехоҳанд истифода кунанд."

Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, Туркманистон низ омодагӣ дорад тарҳи хатти баландшиддати 500-волтаи худро то ба маркази Афғонистон, ба Кобул кашонад. Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энержӣ, ба ин бовар аст, ки бо вуҷуди талоши ин ду кишвари ғанӣ аз энержӣ ҷиҳати пештозӣ дар бозори барқ ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ин бозор ҳамеша собит хоҳад монд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, он қиматеро, ки Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон пешниҳод мекунад, камтар аз онест, ки Узбакистон ва Туркманистон дар назар доранд.

Бино ба иттилои Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир агар Узбакистон бо нархи 7,5 сент барқи худро ба Афғонистон фурӯшад, Тоҷикистон барқи худро ба Кобул дар ивази 3,5 сент содир мекунад.
XS
SM
MD
LG