Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзиву нокомии гуштигирони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии камарбандии ҷаҳон байни навҷавонон, ки бо ширкати 150 варзишгар аз 20 кишвар дар шаҳри Астрахани Русия баргузор шуд, се медал ба даст оварданд.

Дар ин сабқати ҷаҳонӣ барои аввалин бор Тоҷикистонро 14 гуштигир аз вилояти Суғд намояндагӣ кард.

Азиз Қарабоев аз Истаравшан дар рақобатҳо дар вазни то 68 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Ду нафари дигар - Мусулмонқул Мустафоқулов аз Шаҳристон дар вазни то 62 кило ва Имомалӣ Каримзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вазни то 82 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Вале гуштигирони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии дзюдо миёни кадетҳо, ки дар пойтахти Укроин – шаҳри Киев баргузор шуд, ноком гаштанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
Линки мустақим


Маҳмуди Абдуллоҳ, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба "Озодӣ" гуфт, дар ин мусобиқа ҳудуди 600 нафар писарону духтарон аз 55 кишвар ширкат доштанд.

Ӯ афзуд: "Ба ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгари наврас шомил буд. Миёни онҳо танҳо як нафар – Рашид Зиёбеков дар вазни то 81 кило натиҷаи нисбатан хубтар нишон дод. Вай дар ду даври аввал бар рақибонаш ғолиб омад, вале дар даври севум мағлуб гашт. Чаҳор нафари дигар – Фирӯз Ниёзмамадов (то 66 кг), Саидмухтор Расулов (то 66 кг), Сафарбек Муродов (то73 кг) ва Санавбар Шанбиев (+90 кг) дар даври дуввум ноком шуданд. Ҳафт нафари дигар бошанд, дар даври аввал шикаст хӯрданд."
XS
SM
MD
LG