Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти "Равшан". “Регар-ТадАЗ” ба ҷои аввал баромад


Бозии мавқуфмондаи даври понздаҳум миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” баргузор шуд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи давраи 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон, бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ бегоҳи 13-уми август дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Голҳоро Нӯъмонҷон Ҳакимов дар нимаи аввали дидор ва Ҷамшед Исмоилов дар қисми дуввум ба самар расониданд.

Вале дар дақиқаи 90-ум Эраҷ Холов, бозигари “Равшан” аз ҷаримаи ёздаҳметра истифода карда натавонист. Инчунин, бояд гуфт, ки сардовар Олим Норбоев (Душанбе) бозигари “Равшан” -- Ширин Наимовро барои корти дуввуми зард аз майдон берун кард.

Ҳамин тариқ, дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 51 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад.

Тими “Равшан” бо 50 имтиёз ба зинаи дувум фуромад. Дастаи “Истиқлол”, ки чаҳор бозӣ камтар кардааст, бо 46 имтиёз дар ҷои севвум қарор дорад.

Инчунин, шоми 13-уми август чаҳор бозии давраи 25-уми мусобиқот баргузор шуд. “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ду голи мизбононро Маҳмадлоиқ Нуриддинов ва Идибек Ҳабибуллоев заданд. Як голи меҳмононро Ҷомихон Муҳиддинов ба ҳадаф расонд.

Дастаи “Энергетик”-и Душанбе дар меҳмонӣ “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби бузурги 6:1 мағлуб кард. Габриэл Донто, легионери африқоӣ ду гол, легионери дигар Уилям Гян як гол вориди дарвоз карданд. Ҳамчунин, се голи дигари “Энергетик”-ро Сафархон Мирзоев, Шуҷоат Неъматов ва Акмал Авазов (пеналти) вориди дарвоза карданд. Як голи “Шодмон” ба ҳамлагар, Худойдод Нусратов мутааллиқ аст.

ССКА “Помир”-и Душанбе низ дар майдони худ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Комил Саидов ду гол (якеаш аз пеналти), Шамсиддин Қосимов, Обидҷон Исмоилов ва Аъзам Ҳусейнов якголӣ заданд. Як голи “Хуҷанд”-ро Ҷаҳонгир Эргашев (бо кӯмаки Фурӯғ Қодиров, ҳимоятгари ССКА “Помир”) ба дарвозаи мизбонон зад.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони бар тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳамлагар Назиршо Ризомов дар дақиқаи ҳафтум ҳисобро кушод. Капитани “Вахш”, Рустам Усмонов, дар дақиқаи 53-юм голи дуввумро ба самар расонд.

“Гвардия” шашумин дастаест, ки пас аз “Парвоз”, “Энергетик”, “Вахш”, “Шодмон” ва ССКА “Помир” сармураббиаш иваз шудааст. Ҳоло ба ҷойи Сергей Капуста, мутахассиси Укроин, ба вазифаи сармураббии дастаи “Гвардия” Султон Алифов таъйин гаштааст.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов ("Равшан") бо 13 гол пешсаф аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 12-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

Регар-ТадАЗ”

22

16

3

3

50-17

51

2.

"Равшан"

22

16

2

4

41-18

50

3.

Истиқлол”

18

15

1

2

44-11

46

4.

"Хайр"

23

13

3

7

39-23

42

5.

"Энергетик"

22

10

2

10

36-37

32

6.

ССКА “Помир”

22

10

1

11

40-40

31

7.

"Хуҷанд"

21

7

4

10

27-36

25

8.

ахш"

21

7

1

13

21-27

22

9.

"Парвоз"

22

6

3

13

23-44

21

10.

Шодмон”

22

4

2

16

23-54

14

11.

вардия"

21

2

2

17

16-53

8


Даври 26-ум
17-уми август (чоршанбе)


«Гвардия» - «Регар-ТадАЗ»
«Парвоз» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Хайр»
«Вахш» - ССКА «Помир»


18-уми август (панҷшанбе)

«Хуҷанд» - «Шодмон»

Оғози бозиҳо - соати 17.
XS
SM
MD
LG