Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Собиров: "Аз чеҳраҳо қадршиносӣ шавад"


Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

ҲДТ бо нашри як баёния аз раисиҷумҳур хостааст, ки аз чеҳраҳои саршиноси нерӯҳои демократӣ қадрдонӣ шавад.

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли кишварро беҳтарин фурсат барои қадрдонӣ аз ин чеҳраҳо донистааст, ки барои худшиносӣ ва истиқлолу демократия дар Тоҷикистон талош кардаанд.

Вай дар баёнияи худ бо хитоб ба раисиҷумҳур гуфтааст: “Хоҳиш дорам, бо истифода аз салоҳияту ваколати хеш рисолати ахлоқиву ҳуқуқии бар дӯш доштаатонро ба ҷо оред ва дар арафаи ҷашнгирии солгарди ноил шудани кишвар ба истиқлол сарфароз намуданашонро бо мукофотҳои олитарини мамлакат қобили таваҷҷӯҳу дастгирӣ донед. Ин қадршиносиро ҳам Инсоф ва ҳам Адолат тақозо доранд.

Дар идомаи ин баёнияи Ҳизби демократ омадааст, ки "магар метавон суханварони арзандаи миллат - Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Муҳаммадҷон Шакурӣ баринҳо, ки солҳои 80-и қарни гузашта тазоҳуротеро ба хотири дарки амиқи худшиносӣ дар мафкураи мардум ворид карданд, муаллифони Истиқлол нахонд? Оё метавон муборизаҳои истиқлолхоҳони воқеӣ - Ҳизби демократ, созмону ҷунбишҳои мардумии "Растохез", "Ошкоро", "Рӯ ба рӯ", "Лаъли Бадахшон"-ро фаромӯш сохт? Оё метавон даъвату навиштаҳои ҷасуронаи аҳли қалами ҳафтаномаҳои "Адолат", "Чароғи рӯз" ва "Сухан"-ро дар дарёфти худшиносии мардум истисно кард?"

Ҳамчунин дар ин баёния аз хидмату талошҳои марҳум Тоҳири Абдуҷаббор, муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ва ҳам Аслиддин Соҳибназаров ёдоварӣ шудааст.

Илова ба ин, Ҳизби демократ дар охири баёнияи худ номи Ҷумъабой Ниёзов, Имомназари Холназар, Отахон Латифӣ, Шодмони Юсуф, Пирумқул Сатторӣ, Халифабобо Ҳомидов, Ҳикматулло Насриддинов, Мақсуд Икромов ва чанде дигарро низ овардааст.

Ин баёния дар ҳоле нашр мешавад, ки аз ин қабл низ ҲДТ хостори эътои унвони Қаҳрамони миллии Тоҷикистон ба Қадриддин Аслонов, раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон шуда буд, ки рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 ба зери Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон имзо гузошта буд.
XS
SM
MD
LG