Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” дар сабқати Лигаи олӣ ба ҷои аввал баромад


Рӯзи 6-уми август бо се бозии даври 23-юм нимаи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ шурӯъ шуд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: “Равшан” (Кӯлоб) - “Вахш” (Қӯрғонтеппа) – 3:2, “Хайр” (Ваҳдат) - ССКА “Помир” (Душанбе) – 2:1, “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) - “Энергетик” (Душанбе) – 2:0.

Бозии “Равшан” бо "Вахш"-и Қӯрғонтеппа ба иллати аз панҷ бозӣ маҳрум шудани варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар шаҳри Норак баргузор шуд.

Назиршо Ризомов, ҳамлагари “Вахш” дар нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Пас аз он, Зокир Абдулхайров, муҳоҷими “Равшан" аз пинолти ё ҷаримаи ёздаҳметра ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ Фаридун ва Наврӯз Рустамовҳо, ҳарду аз тими “Равшан”, ҳисобро ба фоидаи дастаи худ афзун карданд. Голи дуввуми "Вахш"-ро Баҳодур Каримов ба самар расонд.

Бозии “Хайр” ва ССКА “Помир” дар варзишгоҳи “Хайр” дар шаҳри Ваҳдат баргузор шуд. Пирмурод Бурҳонов, ҳамлагари мизбонон дар дақиқаи 43-юм ҳисобро кушод. Дар ин дидор дар ҳайъати “Хайр” чаҳор бозигари нав ҳунарнамоӣ кард.

Ба ҷуз аз Пирмурод Бурҳонов, ки дар дастаи "Регар-ТадАЗ" бозӣ мекард, инчунин ҳамдастаи ӯ -- ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов, ду нафари дигар аз дастаи “Шодмон”-и Ҳисор – ҳимоятгар Субҳон Хоҷамов ва нимҳимоятгар Рустам Хоҷаев дар ҳайъати дастаи "Хайр" бозӣ карданд.

Голи ҷавобиро аз дастаи меҳмонон ҳамлагар Илҳомҷон Ортиқов дар дақиқаи 59-ум зад. Маҳмадлоиқ Нуриддинов, бозигари мизбонон дар дақиқаи 82-юм голи ҳалкунандаро ба нишон расонд.

Бояд гуфт, ки дар нимаи дуввуми бозӣ ҳимоятгари ССКА “Помир” Фирдавс Абдуллоев барои бозии дағалонааш ва кӯфтани ҳариф аз ҷониби сардовар Диловар Орзуев (Ҳисор) бо нишон додани корти сурх аз майдон берун шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ ССКА “Помир” таҳти раҳбарии сармураббии нави даста – Владимир Уткин (Укроин), ки аз ин пеш мураббии калони дасати “Хуҷанд” буд, ба майдон омад.

Инчунин, дар ҳайъати дастаи низомиёни Вазорати дифои Тоҷикистон се бозигари нав аз Укроин – дарвозабон Анатолий Старушенко, ҳимоятгар Николай Кобетс ва нимҳимоятгар Леонид Романов ҳунарнамоӣ карданд.

Бозии “Регар-ТадАЗ” ва Энергетик, ки дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон поён ёфт. Ҳарду голро бозигарони нави даста – ҳамлагарон Аҳтам Ҳамроқулов (бозигари собиқи “Вахш”) ва Фирдавс Қурбонов (бозигари пешини “Шодмон”) ба самар расониданд. Дар ин бозӣ дастаи "Энергетик" бо сарварии сармураббии нав Наҷмиддин Толибов, ки аз ин пеш мураббии калони "Регар-ТадАЗ" буд, ба майдон омад.

Ду бозии дигари даври 23-юми мусобиқот миёни дастаҳои “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва “Шодмон” (Ҳисор) - “Истиқлол” (Душанбе) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Дастаи “Равшан” пас аз ғалабаи 15-уми худ бо 47 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои аввал баромад. Тими “Истиқлол”, ки ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. “Регар-ТадАЗ” бо 45 имтиёз дар ҷойи севвум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов ("Равшан") бо 12-голӣ пешсафанд. Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол"), Мансур Ҳакимов ("Парвоз") ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”, “Регар-ТадАЗ”) 11-голӣ задаанд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

авшан"

20

15

2

3

38-14

47

2.

“Истиқлол”

18

15

1

2

44-11

46

3.

"Регар-ТадАЗ"

20

14

3

3

45-17

45

4.

"Хайр"

21

11

3

7

34-21

36

5.

"Энергетик"

21

9

2

10

30-36

29

6.

ССКА “Помир”

20

8

1

11

32-39

25

7.

"Хуҷанд"

19

7

4

8

25-28

25

8.

арвоз"

20

6

3

11

22-39

21

9.

Вахш”

20

6

1

13

20-28

19

10.

Шодмон”

20

4

2

14

22-45

14

11.

вардия"

19

2

2

15

14-48

8

Даври 24-ум

10-уми август (чаҳоршанбе)

“Равшан” - “Гвардия”
“Хайр” - “Хуҷанд”
“Шодмон” - “Регар-ТадАЗ”
ССКА “Помир” - “Парвоз”

Оғози бозиҳо: соати 17

Эзоҳ:
Бозии “Истиқлол” - “Энергетик” ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG