Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳо ва ҷавонон. Кӣ аз кӣ мегурезад?


Бештари соҳибназарон мегӯянд, ба иллати мушкили афзуни иҷтимоӣ аксари ҷавонон ба ҳизбҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳи камтаре доранд.

Бино ба иттилои расмӣ ҳудуди 70 дарсади сокинони Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд.

Аммо Абдуғанӣ Мамадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ба ин бовар аст, ки бахши аъзами ҷавонони тоҷик ба ҳизбҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳи камтар доранд.

Ҷаноби Маҳмадазимов сабаби аслии ин мушкилро чунин шарҳ медиҳад: "Аксари ҳизбҳои сиёсии мо бо ҷавонон кор намекунанд. Аз набудани кадрҳо ва камбудҳо, онҳо танҳо пеш аз интихобот, замоне ки имконият пайдо мешавад намояндаи худро дар парлумон ворид кунанд, «бедор» мешаванд.
Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон

Камбизотӣ ҳам ба ҷавонон имкон намедиҳад, ки онҳо ба масъалаҳои ҳизбӣ ва сиёсӣ машғул бошанд. Ҳама фикру ёдашон барои ёфтани як бурида нон барои оилаи худашон аст."

Ин дар ҳолест, ки ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ чанде пеш созмони ҷавонони ин ҳизбро таҳти унвони «Созандагони Ватан» таъсис дод ва дар нахустин анҷумани ин ташкилот сарвари он Адҳамҷон Мирсаидов интихоб гардид. Ҷаноби Мирсаидов ба «Ояндасоз» гуфт, "бояд он ҷавононеро, ки дар ҷомеаи демократии мо зиндагӣ доранд, сарҷамъ намоем. Ҳадафи олии мо боло бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, баланд бардоштани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар арасаи байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ беҳтар намудани шароити зисти мардуми Тоҷикистон аст."

Созмони ҷавонони ҲХДТ -- «Созандагони Ватан» ният дорад, ҳамкории худро бо бахшҳои ҷавонии Ҳизби коммунисти Чин ва Ҳизби «Единная Россия» ба роҳ монад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири "Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ расман фаъолият мекунанд. Вале аз ин қатор ҲХДТ ва Ҳизби наҳзати исломӣ бахши махсуси ҷавонии худро доштаанду халос. Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири “Наҷот”, нашрияи ҲНИТ, дар робита ба бахши ҷавонии ин ҳизб гуфт: "Ҳанӯз аз рӯзи аввали фаъолият ва пас аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон шӯъбаи ҷавонон фаъолият дорад. Наздики 25- 30 дарсади аъзои ҳизбро ҷавонон ташкил мекунанд. Мо ба ҳар ҳол маҳдудаи ҷавононро тибқи замони Шӯравӣ то 27-сола муайян кардем. Агар мо 35- 40-солаҳоро ба назар гирем, ин рақам хеле болост."

Вале коршиносон бар ин назаранд, ки дигар аҳзоби сиёсӣ ба умури ҷавонон таваҷҷӯҳи кам зоҳир мекунанд. Афзун бар ин, коршиносон мегӯянд, ки ин аҳзоб танҳо ҳангоми интихобот фаъол мешаванд ва садои онҳо дар дигар маврид тақрибан ки шунида намешавад. Ин вазъ боис ба он шудааст, ки ба ақидаи коршиносон ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои ғайриқонунӣ ҷавононро ба худ ҷалб намуда ва аз ин нерӯ огоҳона истифода кунанд.

Навиштаи Абдулло Ашӯров
XS
SM
MD
LG