Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 корманди амниятии афғон дар Қундуз кушта шуданд


Амалиёти полис дар меҳмонхонаи Қундуз
Амалиёти полис дар меҳмонхонаи Қундуз
Полиси Афғонистон мегӯяд, се бамгузори интиҳорӣ дар шаҳри Қундуз ба меҳмонхонае ҳамла бурдаанд ва чаҳор корманди амниятии Афғонистон дар ин ҳамла кушта шудаанд. Бино ба хабари полис, яке аз ҳамлакунандагон бамро дар даромадгоҳи меҳмонхона мунфаҷир сохтааст. Ду нафари дигар бо истифрода аз ин ҳамла вориди меҳмонхона шудаанд ва тақрибан ду соат бо нируҳои Афғонистон даргири задухурд шудаанд. Сипас онҳо низ худро мунфаҷир сохтаанд. 10 нафар дар ин задухурдҳо захмӣ шудаанд. Маълум нест, ки оё дар миёни афроди захмӣ шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд ё хайр. Ба гуфтаи полис, дар ин меҳмонхона коргарони олмонӣ гаҳ-гоҳе иқомат мекардаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG