Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон муайян шуданд


Конфедератсиюни футболи Осиё рӯйхати дастаҳои ширкаткунанда ва тартиби баргузории мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиёро, ки сабқати ниҳоияш соли 2012-ум дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор мешавад, эълон кард.

Сабқати интихобӣ дар чаҳор минтақа (Шарқ, Ғарб, Марказ ва Ҷануб, ASEAN – Ҷанубу Шарқи Осиё) соли 2011-ум баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи Марказ ва Ҷануб бо тимҳои мунтахаби Қирғизистон,Туркманистон ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард.

Инчунин ба гурӯҳҳои дигари минтақавӣ дастаҳои зерин дохил шудаанд: Шарқ - Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Ҳонконг, Макао, Муғулистон. АSЕАN (Ҷанубу Шарқи Осиё) - Австралия, Тайланд, Индонезия, Вйетнам, Малайзия, Филиппин, Мянмар, Камбоҷа. Ҷануб - Ироқ, Лубнон, Кувайт, Қатар, Бахрайн, Сурия, Фаластин, Арабистони Саудӣ, АМА.

Дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамчун мизбон новобаста аз натоиҷи бозиҳояш дар сабқати интихобӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад. Агар мунтахаби АМА дар минтақаи Ғарб яке аз ҷойҳои то севумро ба даст орад, он гоҳ ба сабқати ниҳоӣ дастае, ки ҷойи чорумро мегирад, роҳ меёбад.

Бо қарори кумитаи футзали AFC ба сабқати ниҳоӣ ба ғайр аз мизбон – АМА, боз ғолибу ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар соли 2010 – Эрон, Узбакистон ва Ҷопон, ҳамчунин, се дастаи зӯртарин аз ҳар минтақа – ҳамагӣ 16 даста роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG