Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Непал – мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012


Кумитаи иҷроияи Конфедератсиюни футболи Осиё мизбони сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC-2012-ро муайян кард. Чаҳорумин давраи ин мусобиқот дар Непал баргузор хоҳад шуд.

Ба ғайр аз Непал барои мизбонии сабқати ниҳоӣ Ҷазоири Молдив ва Фаластин муддаӣ буданд. Дар сабқати ниҳоӣ ба ғайр аз тимҳои миллии се кишвари номбаршуда, дастаҳои мунтахаби Филиппин, Ҳиндустон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ ширкат хоҳанд кард.

Ғолиби Ҷоми даъвати AFC-2012 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки дар Австралия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон (соли 2006), Ҳиндустон (2008) ва Кореяи Шимолӣ (2010) барандагони Ҷоми даъвати AFC гардидаанд.

Натоиҷи бозиҳои ниҳоии Ҷоми даъвати AFC:

2006 (Бангладеш). Тоҷикистон – Шри-Ланка - 4:0
2008 (Ҳиндустон). Ҳиндустон – Тоҷикистон – 4:1
2010 (Шри-Ланка). Кореяи Шимолӣ – Туркманистон – 1:1 (аз рӯи пеналти - 5:4)

2012 (Непал)

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG