Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салом, инсонҳо!


Салом, инсонҳо!
Салом, инсонҳо!
Ин аксро 10 сол қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ - ҳамон СССР – гирифта будам. Дақиқан – 14-уми январи соли 1982 (пушти коғази акс ҳамин таърих сабт ёфтааст).

Он вақт дар соли охирини Донишгохи давлатии кишвар тахсил мекардам. Як дӯсту ҳамсабакам аз ман, ки ба аккосӣ зиёд шавқ доштам, хоҳиш кард, ки бо ӯ ба зоишгоҳи шумораи 1-и Душанбе рафта, барои матлабаш барои рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» чанд аксе аз тифлони навзод бигирам. Ҳамроҳи вай ба он ҷо рафта, чанд аксе ҳам гирифтам. Яке аз он аксҳо ҳамроҳи матлаби ӯ чоп шуд. Ин акс истифода нагардид ва, ҳамин тавр, дар байни китобе маҳфуз монд. То имрӯз.

Ин аксро ба озмун мефиристам. Ҳарчанд қисми зиёди умрамро дар давраи ИҶШС ё СССР гузаронидам, вале аз барҳам хӯрдани он мутаассиф нестам. Балки, ҳатто, хурсанд ҳастам. Чунки акнун ман дар кишваре мустақил зиндагӣ мекунам – кишваре, ки, ҳатто, дар ҳамон замони шӯравӣ онро орзу доштам. Зиндагии мо алъон хуб аст ва ё бад – масъалаест дигар. Аслан, дар чигуна ва дар кадом кишвар зистан муҳим нест. Муҳим Инсон будан аст. Инсон ба маънии баландаш.

Дар он замон ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоъ, гӯиё, хуб буд. Дар дигар соҳаҳо чӣ тавр буд – ман намедонам, вале дар соҳаи тандурустӣ, фикр мекунам, бад набуд, балки то ҷое хуб ҳам буд…

…Ҳоло ба акс зеҳн мемонаму дар бораи қисмати баъдии одамҳои дар он тасвиршуда андеша мекунам. Ба гумони ғолиб, зиндагии пизишк Мунаввара Раҳмонова (ному насабашро ҳам дар пушти акс навишта мондаам), чун дигар пизишкон, бояд хуб бошад: хосса вақте имрӯз ҳам (шояд) ӯ дар зоишгоҳ кор мекунад.

Вале дар мавриди ояндаи тифлони он замон ҳамагӣ якрӯза чунин хушбин нестам. Кӣ медонад, фарз кардем, ҳамон кӯдаки рӯидасти пизишк-доя буда акнун чӣ ҳол дорад: дар кадом-як вазорат ё «равғанинҷое» кор мекунаду аз зиндагияш танқисие намебинад; ва ё чун бисёре аз тоҷикистониён зиндагии худу оилаашро ба зӯр «нӯк ба нӯк» мекунад. Шояд алъон ӯ (ва касе аз чаҳор навзоди дигар) дар болои сандалие (креслое) роҳату розӣ – баъди дар кадом рестуроне шикамсерӣ нони чошт хӯрдан – давр мезанаду аслан дар бораи чизи ҷиддие фикр намекунад, ва ё «хараш»-ро дар ҳамин кишвари «соҳибистиқлол» базӯр кашида гаштааст (албатта, агар ба Русия барои мардикорӣ нарафта бошад).

Кӣ медонад?

Вале орзу мекунам, ки дар ҳар куҷое бошанд, саломату тандуруст бошанд. Ва, албатта, хушбахт.

Ва фаромӯш накунанд, ки – чун рӯзе ба ин дунё омаданд – бояд, қабл аз ҳама, Инсон бошанд.
Инсон. Ва ин мушки ласт. Сахт мушкил. Воқиъан, кадом шоъире тақрибан чунин гуфтааст:

Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар – то ба шаҳри инсонӣ.


Шаҳри инсонӣ – шаҳре, ки ҳар як Инсон раҳнаварди он дар тӯли зиндагияш мебошад. Шаҳре, ки дар он зистан осон нест.

…Ба акс менигараму ба ҳамон тифлони якрӯза, ки имрӯз дар остонаи сисолагиянду кайҳо нахустин тифлонашон чандсола шудаанд, дар зеҳнам мегӯям: «Салом, инсонҳо!» Ва сипас мепурсам: «Чӣ ҳол доред? Ба куҷо равонаед?»

Мунаввари Мунавварзод
XS
SM
MD
LG