Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари пайдоиши "Сарези дуввум" рафъ шуд


Ба иттилоъи ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон, эҳтимолӣ хатари пайдоиши «Сарези дуввум» дар ноҳияи Ванҷ, ки бар асари ҳаракати пиряхи Хирсон ва басташавии муваққатии маҷрои рӯди Абдуқаҳҳор ба вуҷуд омад, аз байн рафтааст.

Бар асари гармои рӯзҳои охир, забонаи пиряхи Хирсон канда шуда зиёд аз 800 метр поин рафт ва маҷрои рӯди Абдуқаҳҳорро баст. Аммо гурӯҳи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ва созмони байналмиллалии расидагӣ ба ҳолатҳои изтирории «Фокус»-и Тоҷикистон, ки аз ҷойи ҳодиса дидан карданд, мегӯянд, ки дар паси забонаи пирях хатари пайдоиши кӯл мушоҳида намешавад.

Бонги хатарро оиди ҳаракати забонаи пирях чӯпонҳои маҳаллӣ заданд, ки бо дурбин ҳаракати пиряхро мушоҳида карда, ба мақомоти маҳаллӣ хабар доданд.

Ба дунболи ҳодиса ва ба манзури муроқибати пирях се нафар мутахассисон ва як роҳбалад аз маҳалли Пойи Мазори ноҳияи Ванҷ то пирях масофаи 12 километрро пойи пиёда тай карданд. Мутахассиси шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Замон Азизбеков гуфт, замоне, ки онҳо ба дараи Хирсон расиданд, кӯҳи яхинеро диданд, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ пештар дар ин мавзеъ мавҷуд набуд. Вай афзуд, ки аз паси пиряхи азим гузаштан номумкин буд ва зарурати бо чархбол мушоҳида кардан ҳолати кӯҳи яхин ба вуҷуд омад.

Замон Азизбеков афзуд, ки бо ибтикори Созмони «Фокус» ба таври оҷил чархбол барои мутахассион ҷудо шуда, онҳо ҳолати пиряхро аз назар гузарониданд. Аммо мушоҳида нишон додаст, ки хушбахтона хатари ҷамъшавии об дар паси забонаи пирях вуҷуд надорад ва об аз таги забонаи пирях мегузарад. Вай гуфт: «Каме обхезӣ шудааст, забонаи пирях як пули нақлиётиро ҳам аз кор баровардааст аммо об тез барояш роҳ ёфтааст.»

(Ин акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аст)

Ба гуфтаи мутахассисон, барои аввалин бор нест, ки пиряхи Хирсон ба ҳаракат медарояд ва барои сокинон хатар эҷод мекунд. Дар соли 1973 забонаи ин пирях маҷрои рӯди Абдуқаҳҳорро баст ва дар натиҷа сарбанди яхин ҳавзи муваққатӣ ба вуҷуд овард. Рахшавии кӯл бар асари шикастани ин сарбанди табии, хисороти зиёд ба вуҷуд оварда, аз ҷумла якчанд хонавода ва фурудгоҳи маркази ноҳияи зери об монданд.

Бояд зикр кард, ки дар қарни гузашта, пиряхи "Хирсон" баъди ҳар 10-15 сол ҳаракат карда роҳи обро бастааст.

Мутахассисони ин соҳа дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989 лағшиши онро ба қайд гирифтаанд, ки роҳи Ванҷобро баста буд ва пас аз ҷорӣ шудани оби ҷамъшуда ба ин водӣ ва дигар манотиқи поёноби дарёи Панҷ хисороти зиёде ворид кардааст. Ба қавли шоҳидон бори охир соли 1973 ин пирях роҳи обро баста, баъди канда шудани он тамоми заминҳои соҳили Ванҷ ва дигар мавзеъҳои соҳили Панҷро шустааст.

Ба мушоҳидаи мутахассисон, ҷо-ҷойи пиряхи Хирсон сафед, вале бештари масоҳати онро чангу хок ва рег пӯшондааст, ки ин ба батадриҷ обшавӣ ва хурдшавиии масоҳати пирях мусоидат мекунад. Вай афзуд, пирях ранги сиёҳ дорад, зеро чангу хок ва реги зиёд болояш нишастааст.

Мутахасисон бар ин назаранд, ки забонаи яхини кандашудаи пирях, ки як километр дарозӣ ва баландиаш ба 100 ва дар баъзе ҷойҳо ба 150 метр мерасад, дар тӯли се-чор соли оянда об мешавад, аммо барои маҳаллоти аҳолинишин хатар надорад. Мақомоти маҳалли ноҳияи Ванҷ мегӯяд, ки ҳолати пирях таҳти назорати мутахассисон ва навбатдорон аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG