Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни “Ман дар СССР зистаам.” рӯ ба поён аст


Озмуни беҳтарин аксҳо ва хотираҳои СССР дар торнамои мо рӯзи 25-уми июл ҷамъбаст мешавад.

Ҳайати доварон чандест, ба таҳлилу арзишёбии маводе машғуланд, ки ба озмун пешниҳод шудаанд. Ин озмун рӯзи 15-уми апрел оғоз ёфта ва то ҳоло 196 матн ва акс ба он пешниҳод гардид. Ба хотири фароҳам овардани имконият барои хоҳишмандон мӯҳлати озмун то 25-уми июл тамдид шуд.

Доварон баҳои худро рӯзи 26-уми июл баён медоранд ва 27-уми июл дар шаҳри Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳо баргузор мегардад.

Дар ин байн Шумо, хонандагони арҷманд низ метавонед, дар баҳодиҳӣ саҳм бигиред. Барои ин ба зудӣ 10 матни баргузидаи ҳайати доварон ва 10 акси беҳтарин ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш хоҳанд шуд. Саҳми Шумо ин хоҳад буд, ки раъйи худро ба яке аз ин даҳгонаҳо бидиҳед. Интизор бошед, ба зудӣ 10 акси баргузида дар шакли нигористон ва бо имконияти раъйдиҳӣ ва 10 матлаби баргузида дар шакли назарсанҷӣ бо ишора ба сарлавҳаи ҳар кадоми онҳо нашр хоҳад шуд.

Ҳадаф ин аст, ки Шумо ҳақ хоҳед дошт ва хоҳед тавонист дар интихоби ғолибони озмуни “Ман дар СССР зистаам” ширкат кунед. Тасмими ниҳоии ҳайати доварон ба натиҷаҳои райъдиҳии оммавӣ низ бастагӣ хоҳад дошт.

Гузашта аз ин ҳарду даҳгона дар сафҳаи вижаи торнамои мо бознашр хоҳанд шуд. Ёдовар мешавем барои барандагони озмун чунин ҷоизаҳо муқаррар шудаанд:

БАРОИ БЕҲТAРИН ХОТИРАҲО

* Ҷоизаи аввал – компютери нетбук
* Ҷоизаи дувум – диктофони журналистӣ
* Ҷоизаи савум – телефони мобили дорои дастгоҳи аккосӣ

БАРОИ БЕҲТAРИН АКСҲО

* Ҷоизаи аввал – компютери нетбук
* Ҷоизаи дувум – диктофони журналистӣ
* Ҷоизаи савум – телефони мобили дорои дастгоҳи аккосӣ

Гӯш ба занг бошед, чанде баъд даҳгонаҳо муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG