Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии ИДМ дар Тоҷикистон


Аз 16-ум то 30-юми июл дар минтақаи Замин-Қарори наздикии деҳаи Марғеби ноҳияи Айнии Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаракулманофеъ баргузор мешавад.

Давлат Ҳабибов, раҳбари департаменти сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа, ки бо тасмими Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барпо мегардад, ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин Иттиҳод бахшида шудааст.

Ӯ афзуд: “Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, бар асоси он вазорату кумитаҳо ва ташкилоту идораҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд баргузор шудани ин мусобиқа муваззаф шудаанд. Дар ин мусобиқа дастаҳои кӯҳнавардии Федератсияи Русия (12 тим), Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Укроин ширкат меварзанд. Теъдоди умумии ширкаткунандагони мусобиқа беш аз 90 нафарро ташкил медиҳад. Мусобиқаи мазкур аз ду давра иборат аст. Ғолибони сабқат миёни мардону занон бо мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти мусобиқа сарфароз хоҳанд шуд.”

Ба гуфтаи Давлат Ҳабибов кӯҳнавардони тоҷик дар ин мусобиқа ҳамчун волонтёр ё хизматрасон истифода мешаванд. Зеро онҳо дар тӯли чанд соли ахир дар чунин мусобиқа иштирок накардаанд ва дараҷаи касбиашон ба талабот ҷавобгӯ нест.
XS
SM
MD
LG