Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Ин бозии мавқуфмондаи даври 8-ум бо розигии ҳарду даста ва тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар баргузор шуд ва «Хайр» мизбон буд.
Голи ҳалкунандаро дар ин бозӣ Дилшод Восиев дар дақиқаи 86-ум ба самар расонд. Бояд гуфт, ки Қурбоналӣ Собиров, бозигари "Хайр", барои ду корти зард дар дақиқаи 39-ум аз майдон хориҷ шуд ва то анҷоми бозӣ дастаи "Хайр" аз даҳ нафар иборат буд.
Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи “Металлург”, дар бозии мавқуфмондаи даври 14-ум бо тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ кард. Ин бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:1 ба анҷом расид.
Ҳамаи голҳо дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Баҳодур Шарипов, бозигари “Регар-ТадАЗ” ду гол, Аскар Равшанов ва Фаррух Чориев якголӣ заданд.
Голи “Вахш”-ро дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ Аҳтам Ҳамроқулов вориди дарвозаи мизбонон кард.
Дастаи “Истиқлол” пас аз ғалабаи 15-уми худ бо 46 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот боз ҳам устувор кард. Тими “Регар-ТадАЗ” бо 42 имтиёз ба ҷойи дуввум баромад, вале нисбат ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки 41 имтиёз дорад, як бозӣ зиёд кардааст.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 12-голӣ пешсафанд. Фозил Сатторов ("Равшан"), Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол") ва Мансур Ҳакимов ("Парвоз")11-голӣ задаанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. |
"Истиқлол" |
18 |
15 |
1 |
2 |
44-11 |
46 | |
2. |
"Регар-ТадАЗ" |
19 |
13 |
3 |
3 |
43-17 |
42 | |
3. |
"Равшан" |
18 |
13 |
2 |
3 |
33-11 |
41 | |
4. |
"Хайр" |
19 |
10 |
3 |
6 |
31-18 |
33 | |
5. |
"Энергетик" |
20 |
9 |
2 |
9 |
30-34 |
29 | |
6. |
ССКА “Помир” |
19 |
8 |
1 |
10 |
31-37 |
25 | |
7. |
"Хуҷанд" |
19 |
7 |
4 |
8 |
25-28 |
25 | |
8. |
"Парвоз" |
20 |
6 |
3 |
11 |
22-39 |
21 | |
9. |
“Вахш” |
19 |
6 |
1 |
12 |
18-25 |
19 | |
10. |
“Шодмон” |
20 |
4 |
2 |
14 |
22-45 |
14 | |
11. |
"Гвардия" |
19 |
2 |
2 |
15 |
14-48 |
8 |
Бозии мавқуфмондаи даври 19-ум:
16-уми июл (шанбе)
“Хайр” - “Равшан” (варзишгоҳи "Хайр"-и Ваҳдат)
Бозӣ соати 17:30 шурӯъ мешавад.
Эзоҳ: Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон натиҷаи бозии ССКА- “Помир” – “Хайр” бекор шуд ва дастаи “Хайр” бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд. Зеро дар ҳайъати дастаи ССКА-”ПОМИР” дар ин бозӣ Фурӯғ Қодиров, ки ҳашт корти зард гирифтааст ва мебоист дар як бозӣ ширкат намеварзид, иштирок намудааст.