Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии нотамом. Бозигарон доваронро латукӯб карданд


Акс аз бойгонӣ

Бозиҳои даври 13-уми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозиҳо бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд: «Ситора» - «Кӯктош» - 0:0, «Румӣ» - «Саройкамар»-2:1, «Пахтакор» «Данғара» - 2:1, «Вахши зарнисор» - «Ҷавонон» - 5:1, “Зарафшон” - «Рашт» - 3:0.

Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, бозии дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Ҳосилот”-и Фархор дар варзишгоҳи ба номи Теша Исмоилови ноҳияи Восеъ нотамом монд.

Ӯ афзуд: "Дар ин бозӣ пас аз он ки дар нимаи дуввуми қувваозмоӣ, дар дақиқаи 81-ум, мизбонон ҳисобро кушоданд, се бозигари дастаи “Ҳосилот" -- Беҳрӯз ва Наврӯз Қаландаровҳо, Муҳаммад Абдураҳмонов ба нишони эътироз, ки гӯиё гол аз ҳолати нобозӣ ё офсайд зада шуда бошад, сардовар Умед Раҳимов (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) - ро латукӯб карда, ёварони сардовар -- Парвиз Муртазоев (Душанбе) ва Ҳабибулло Нарзуллоев (Ҳисор)-ро дашном дода ва майдонро худсарона тарк намуданд. Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 11-юми июл дар кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бар асоси муқаррароти мусобиқот ба иллати то охир анҷом наёфтани бозӣ дастаи "Ҳосилот" бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Барои латукӯби доварон Беҳрӯз Қаландаров ба муддати як сол, Наврӯз Қаландаров ва Муҳаммад Абдураҳмонов аз даҳ бозӣ маҳрум шуданд. Бозигарони дастаи Ҳулбук -- Раҳмон Исмоилов барои задани ёвари довар аз даҳ бозӣ ва Ҷӯрахон Мирзоев барои дашном додани доварон аз панҷ бозӣ маҳрум гардиданд. Инчунин, дастаи "Ҳулбук" барои бетартибиҳои мухлисонаш ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд."

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Зарафшон» (Панҷакент)

10

7

2

1

21-10

23

2.

«Ҳосилот” (Фархор)

11

7

2

2

16-8

23

3.

«Ҳулбук” (Восеъ)

12

6

5

1

26-11

23

4.

«Саройкамар» (Панҷ)

10

5

3

2

17-9

18

5.

«Пахтакор” (Қубодиён)

10

5

3

2

21-14

18

6.

«Сабо» (Шаҳринав)

9

5

2

2

19-9

17

7.

«Ситора» (Рӯдакӣ)

11

4

4

3

13-8

16

8.

«Вахши зарнисор» (Вахш)

10

4

3

3

21-18

15

9.

«Данғара» (Данғара)

10

3

3

4

12-11

12

10.

“Румӣ” (Румӣ)

9

3

1

5

17-17

10

11.

“Кӯктош” (Рӯдакӣ)

10

2

3

5

9-15

9

12.

“Локомотив” (Душанбе)

10

2

2

6

5-17

8

13.

“Ҷавонон” (Турсунзода)

9

1

1

7

7-27

4

14.

“Рашт” (Рашт)

10

0

0

10

1-30

0


Бозиҳои даври 14-ум
13-уми июл (чоршанбе)


"Ҷавонон" - "Зарафшон"
"Данғара" - "Вахши зарнисор"
"Саройкамар" - "Пахтакор"
"Кӯктош" - "Румӣ"
"Ҳосилот" - "Ситора"
"Локомотив" - "Сабо"

Бозиҳо соати 17:30 шурӯъ мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG