Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор медали варзишгарони тоҷик дар Юнон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XIII ҷаҳонии олимпии тобистонаи махсус дар пойтахти Юнон – шаҳри Афина чаҳор медал ба даст оварданд.

Дар ин бора Дилбар Шарифова, раҳбари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Вай афзуд, Фаррух Самадов, хонандаи мактаби махсуси шумораи 3-и шаҳри Душанбе, дар ду намуд - ҷаҳидан ба дарозӣ медали тилло ва давидан ба масофаи 100 метр медали нуқра ба даст овард.

Фарида Назарова, хонандаи мактаби ёрирасони рақами 2-и пойтахти кишвар, дар давидан ба масофаи 100 метр бо медали тило мукофотонида шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон -- Шӯҳрат Шодиев, хонандаи литсей-интернати махсуси Душанбе, дар давидан ба масофаи 200 метр бо медали нуқра сарфароз гашт.

Инчунин дастаи футболи духтаронаи Тоҷикистон миёни 14 даста дар ҷойи 6-ум қарор гирифт.

Ба гуфтаи Дилбар Шарифова дар Бозиҳои XIII ҷаҳонии олимпии тобистонаи махсус дар Афина, ки тӯли даҳ рӯз идома кард, 7500 варзишгари маълули наврас аз 185 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, дар 22 навъи варзиш рақобат карданд.
XS
SM
MD
LG