Кормандон полис на танҳо ғайриҳирфаӣ амал кардаанд, балки баъд аз тирандозӣ захмиёнро дигарбора аз фосилаи наздик ҳадаф гирифтаанд. Аз ин панҷ нафар яке шаҳрванди Тоҷикистон Нӯъмон Муқимов бо ҳамсараш, сокини Ҷумҳурии Ёқутистон Олга Шрёдер ва бақия шаҳрвандони Русия будаанд.
Ҳарчанд кормандони полис баёнот додаанд, ки ба пиндори онҳо гӯё шаҳрвандони хориҷӣ “камарбанди шаҳид” доштанд, вале таҳқиқ нишон додааст, ки онҳо мусаллаҳ набуданд ва таҳдиде накардаанд.
Узви Додгоҳи олии Балуҷистон, Муҳаммад Ҳошимхон Кокор дар гузориши қариб 100-сафҳагияш гуфтааст, эҳтимоли робитаи кушташудагон бо гурӯҳҳои ситезаҷӯ мавҷуд аст, аммо дар лаҳзаи ҳодиса онҳо ҳеҷ таҳдиде надоштанд ва полис аз худ бераҳмӣ нишон дод, ки захмиёнро пас аз 20-30 дақиқаи он, ки дар рӯи замин хобида буданд, аз наздик дар пеши чашми раҳгузарон тирборон карданд ва ба ҳалокат расонданд.
Қаблан Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки рӯзи 17-уми май
кормандони полис дар як постгоҳи шаҳри Кветта панҷ хориҷиро ҳадафи тир қарор доданд. “Дар асл чаҳори нафари онҳо шаҳрвандони Русия буданд ва як нафараш шаҳрванди Тоҷикистон-Муқимов Нӯъмон, зодаи шаҳри Душанбе, соли таваллудаш 1987, донишҷӯи як донишгоҳи шаҳри Маскав. Ҳамроҳи Нӯъмон хонумаш Олга Шрёдер, зодаи ҷумҳурии Ёқутистони Русия ҳам буд. Онҳо як сол пеш издивоҷ карда буданд ва мехостанд аз Маскав ба Туркия ва аз он ҷо ба Душанбе раванд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Зубайдов, куштори хориҷиёнро табақаҳои гуногуни ҷомеъаи Покистон маҳкум карданд, ба вижа, ки тавре рӯшан шуд, Олга Шрёдер дар батнаш тифли ҳафтмоҳа доштааст.
Зубайдулло Зубайдов гуфт, ки бо пуштибонии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, волидайни Нӯъмон Муқимов ба Покистон омада дар маросими дафни Нӯъмону хонумаш Олга дар шаҳри Кветта ширкат карданд: “Волидайни Нӯъмон Муқимов ҳамроҳ бо кормандони сафорат ба Кветта рафтанд ва дар якҷоягӣ бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеъаи Покистон, намояндаи вазорати умури хориҷӣ, 12-уми июн он ду нафарро бо риояи ҳама он одобу тартиби зарурии мусалмонӣ ба хок супурданд.”
Ба гуфтаи дипломатҳои тоҷик, бисёр паҳлӯҳои ин қазия норӯшан боқӣ мондааст. Аз ҷумла, суоле бепосух аст, ки чӣ гуна ин панҷ нафар бидуни раводид вориди Покистон ва яке
аз нооромтарин шаҳрҳои кишвар - Кветта шудаанд? Ҳадафи сафари онҳо ба Покистон ҳам маълум нест, фақат ҳадс зада мешавад, ки онҳо барои сайёҳат омадаанд.
Зубайдулло Зубайдов бо таассуф мегӯяд, ки то ҳанӯз бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон талош мекунанд бидуни раводид ва ё аз тариқи дигар давлатҳо вориди Покистон шаванд, ҳарчанд хуб медонанд, ки ин кишвар амн нест. Як теъдод аз ҷавонон талош мекунанд, ки ба мадрасаҳои ғайрирасмии Покистон дохил шаванд, ба мадрасаҳое, ки онҳоро ҳатто Исломобод чун маркази тарбияи аъзои гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ арзёбӣ мекунад.