Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ССКА “Помир” ба “Парвоз” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Обидҷон Исмоилов, капитани дастаи ССКА "Помир" ҳангоми бозӣ
Обидҷон Исмоилов, капитани дастаи ССКА "Помир" ҳангоми бозӣ

Рӯзи 4-уми июл як бозии даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ” аз тими меҳмон – ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Ду голи мизбононро Мансур Ҳакимов, капитани “Парвоз”, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаҳои 19-ум ва 43 -юм, ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дуввуми бозӣ футболбозони ССКА “Помир” - Илҳом Ортиқов ду гол (дақиқаҳои 65-ум ва 90-ум)) ва Даврон Тухтасунов як гол (70) зада, бозиро ба нафъи дастаи худ анҷом доданд.

Ба ин тартиб ССКА “Помир” ягона дастаест, ки имсол аз сафари вилояти Суғд бо 6 имтиёз баргашт ва мавқеашро дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа устувор намуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

"Истиқлол"

15

12

1

2

31-8

37

2.

"Равшан"

16

11

2

3

31-11

35

3.

"Регар-ТадАЗ"

16

10

3

3

32-14

33

4.

"Хайр"

16

9

3

4

27-15

30

5.

"Энергетик"

18

9

2

7

27-24

29

6.

ССКА “Помир”

18

8

1

9

31-34

25

7.

"Хуҷанд"

17

6

4

7

22-25

22

8.

"Вахш"

17

6

1

10

17-20

19

9.

арвоз"

19

5

3

11

20-38

18

10.

Шодмон”

18

4

2

12

20-36

14

11.

вардия"

18

2

2

14

14-47

8


Даври 21-ум
5-уми июл (сешанбе)


«Энергетик» - «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» - «Шодмон»
«Хуҷанд» - «Хайр»
«Гвардия» - «Равшан»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG