Бар асоси низомномаи ин мусобиқа, чаҳор нафар беҳтаринҳо ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф шуданд. Дилшод Назаров гурзро ба дурии 75 метру 31 сантиметр ҳаво дод ва мақоми чаҳорумро касб кард.
Кристиан Парш, аз Маҷористон, бо натиҷаи 77 метру 90 сантиметр дар ҷойи аввал қарор гирифт. Русиягиҳо Сергей Литвинов (76,71) ва Кирилл Иконников (76,09) ҷойҳои дуввуму севумро соҳиб шуданд.
Дилшод Назаров то имрӯз танҳо варзишгарест аз Тоҷикистон, ки соҳиби роҳхат бо Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон шудааст.