Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии Афғонистон ва Фаластин - 29-уми июн дар Турсунзода


Рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Душанбе, нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии Афғонистон ва Фаластин, ки барои ширкат дар бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор шуд.

Бозии тимҳои мунтахаби миллии Афғонистон ва Фаластин 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Тими Афғонистон мизбони ин бозӣ мебошад.

Юсуф Коргар, сармураббии тими миллии Афғонистон, ба хабарнигрон гуфт: “Федеросиюни футболи Тоҷикистон барои мо ҳамаи шароити тамринотиро дар урдугоҳи шаҳри Норак омода кардааст. Мо фикр мекунем, ки Тоҷикистон барои мардуми Афғонистон ҳамеша хонаи дуввум аст. Мо ҳеҷ вақт дар ин кишвари ба мо дӯсту ҳамҷавор худро бегона эҳсос накардаем. Зеро ки мо бо мардуми тоҷик ҳамзабон, ҳамдин, ҳамфарҳанг ва бародар ҳастем”.

Мӯсо Безас, сармураббии тими миллии Фаластин, аз меҳманнавозии мизбонон изҳори сипос намуд. Ӯ афзуд: ”Дар бораи дастаи миллии Афғонистон танҳо аз рӯи натоиҷи бозиҳои ин кишвар дар Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) маълумот гирифтаем ва ба назари ман ҳарду даста дар ин бозӣ барои пирӯзӣ шонси баробар доранд”.

Ба ғайр аз бозии Афғонистон - Фаластин дар нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё тимҳои Малайзия – Тайван, Бангладеш – Покистон, Камбоҷа – Лаос, Шри-Ланка – Филиппин, Вйетнам – Макао, Непал – Тимори Шарқӣ ва Муғулистон – Мянмар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои ҷавобӣ 3-юми июл баргузор мешаванд. Вале дар бораи макони баргузории бозии ҷавобии Фаластин – Афғонистон ҳоло хабаре нест. Фаластин низ ба мисли рақибаш имкони дар хона бозӣ карданро надорад.

Ғолиби ҷуфти Афғонистон - Фаластин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври дуввум рӯзҳои 23-юм ва 28-уми июл бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад. Нахустин бозии дастаи Тоҷикистон 23-юми июл дар сафар ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG