Тандисе аз ҷанги падару писар чун намоде аз ҷанги тоҷик бо тоҷик. Тандисе, ки Сӯҳробро кушта ба дасти падар ва Рустамро кушта аз марги писар нишон диҳад. Тандисе пур аз дарду сӯгу «пур оби чашм», ки ҳар дили нозукеро биёрад ба хашм...
Тандисе ойинавор, ки ҳар кӣ дар он бингарад, худро дар он бинад, кушта ба дасти худро дар он ёбад ва худро низ кушта ба дасти дигаре дарёбад... Тандисе, ки намоди пушаймониву тавбаи ҷангидагон ва панду андарзе барои ояндагон бошад барои зиндагӣ дар кишваре озоду орому обод...
Орзу дорам, ки ин тандис ёдгоре шавад барои 150 ҳазор шаҳид, ки бештарашон беному нишону гӯру кафананд...
Худованд биёмурзад онҳоро ва бибахшояд моро!
Умеди Ҷайҳонӣ, блогнависи тоҷик,
муаллифи блоги Turanica