Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, бозии тимҳои миллии Афғонистон ва Фаластин 29-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Ин бозӣ соати 16 шурӯъ мешавад.
Дар ҳамин ҳол тими миллии футболи Афғонистон дар шаҳри Норак ва дастаи Фаластин дар шаҳри Турсунзода тамрин карда, ба бозии аввали сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 омодагӣ мебинанд.
Ба ғайр аз ин бозӣ дар нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё тимҳои Малайзия – Тайван, Бангладеш – Покистон, Камбоҷа – Лаос, Шри-Ланка – Филиппин, Вйетнам – Макао, Непал – Тимори Шарқӣ ва Муғулистон – Мянмар қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Бозиҳои ҷавобӣ 3-юми июл баргузор мешаванд. Вале дар бораи макони баргузории бозии ҷавобии Фаластин -Афғонистон хабаре нест. Фаластин низ ба мисли рақибаш имкони дар хона бозӣ карданро надорад.
Ғолиби ҷуфти Афғонистон - Фаластин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дар даври дуввум рӯзҳои 23-юм ва 28-уми июл бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад.
Тими миллии Тоҷикистон бошад, дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад. Нахустин бозии дастаи Тоҷикистон 23-юми июл дар сафар ва бозии ҷавобӣ 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода доир хоҳад шуд.