Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвиз Собиров дар Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар Бразил панҷум шуд


Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров
Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров

Дар шаҳри Сан-Паулои Бразил Ҷоми қаҳонии дзюдо байни мардону занон баргузор шуд.

Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: “Дар Ҷоми ҷаҳон Тоҷикистонро ду паҳлавон дар сабқати мардон намояндагӣ кард. Расул Боқиев дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг дар даври аввал бар варзишгари африқоӣ аз Сенегал пирӯз шуд, вале баъдан аз намояндаи Бразил мағлуб гашт. Расул 12 имтиёзи олимпӣ ба даст овард. Ӯ ҳамагӣ 342 имтиёз дорад. Парвиз Собиров бошад, дар вазни то 90 кг дар нахустин қувваозмоии худ бар варзишгари Бразил Эдуардо Силва дастболо шуд. Баъдан Кирил Вопросови русиягиро мағлуб кард. Сипас бар Валентин Грекови укроин ғолиб омад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз Хуго Пессанхаи бризилӣ шикаст хӯрд. Парвиз барои медали биринҷӣ аз паҳлавони Мексика Исао Карденас мағлуб гашт. Ҳамин тариқ, Парвиз Собиров мақоми панҷумро касб кард ва 20 холи олимпӣ ба даст овард. Бояд гуфт, ки пас аз муваффақияти Расулд Боқиев дар сабқати ҷаҳонӣ ва Олимпиадаи Пекин ин дуввумин натиҷаи назаррас аст, ки дзюдочии тоҷик ноил шудааст.”

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳон дар Бразил миёни мардон:

-60 кг

1. ПАИШЕР Людвиг (Австрия)
2. АЛВЕС Брено (Бразил)
3. ГАМБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
3. МУШКИЕВ Илгар (Озарбойҷон)

-66 кг
1. РЕВИТЕ Луиз (Бразил)
2. ФАСИЕ Дан Георг (Руминия)
3. КУНХА Леандро (Бразил)
3. ЗАГРОДНИК Павел (Лаҳистон)

-73 кг
1. САЙНЖАРГАЛ Ниям-Очир (Муғулистон)
2. ХАШБААТАР Тсагаанбаатар (Муғулистон)
3. АДАМИЕТС Томаш (Лаҳистон)
3. ЭЛДРЕД Микаел (ИМА)

-81 кг
1. БОТТЕ Иоачим (Белгия)
2. АТТАФ Сафуан (Мароккаш
3. ДУДЧИК Виталий (Укроин)
3. ЭЛИАС Натсиф (Бразил)

-90 кг
1. ГОНЗАЛЕЗ МОНТЕРО Эшли (Куба)
2. ПЕССАНХА Хуго (Бразил)
3. КАРДЕНАС Исао (Мексика)
3. ГРЕКОВ Валентин (Укроин)

-100 кг
1. ВАН ДЕР ГИСТ Элцо (Белгия)
2. ДЕСПАЙНЕ Орейди (Куба)
3. КОРРЕА Лучиано (Бразил)
3. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)

+100 кг
1. СИЛВА Рафаел (Бразил)
2. ХЕРНАНДЕС Даниел (Бразил)
3. БРЯСОН Оскар (Куба)
3. ВОЛКОВ Андрей (Русия)
XS
SM
MD
LG