Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи нашрияҳои чопи Душанбе: 23 июн


Бозтоби сулх миёни тоҷикон, боздошти хабарнигори ВВС дар Хуҷанд ва назарҳо ба Қонуни падару модар дар тарбияи фарзанд дар меҳвари матолиби бештари нашрияҳои чопи Душанбе қарор дорад.

«Фараж» дар матлаби «Ҳақиқат ва афсонаи сулҳи тоҷикон» сабабу омилҳои имзои созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар 27 июни соли 1997-ро ба баррасӣ гирфта ва навиштааст, ки «албатта шояд андеша дар бораи он, ки хиради азалии халқи тоҷик кор додаасту ҷонибҳо дасти ҳамдигарро фишурда бошанд, он қадар нодуруст ҳам набошад. Аммо таҳлили воқеаҳо нишон медиҳад, ки аз хиради азалӣ дида, дар имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ, бештар фишори Русияву Эрону Афғонистон нақш бозид. Инҳо раҳбарони ҳар ду тарафро маҷбур карданд, сулҳро пазиранд ва ё аз сиёсат барканор карда мешаванд.»

«СССР» 27-уми июнро барои ҳар тоҷик рӯзи муқаддас хонда ва навиштааст, ки «имзои протоколи сулҳ аз 2 ҷониб на танҳо барои мансаб, вазифа, пулу мол будӣ, ҳарчанд ин се омил аз сабабҳои умдаи Сулҳ ҳам буданд, вале авомили калидии Сулҳи Тоҷик, Фаросати Миллӣ буд; чун ҳар ду ҷониб дарк карданд, ки то беинтиҳо ҷангидан имкон надорад ва пирӯз дар ин набарди шаҳрвандӣ ҳама мегардад, бидуни Миллати Тоҷик....»

«Миллат» дар пайи интишори паёми Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ раиси ҷумҳури Афғонистон ба мардуми Тоҷикистон ва ба хусус Эмомалӣ Раҳмон, ки тоҷиконро ба бедории сиёсӣ даъват карда буд, назари чанд танро ба ин ҳушдори устод Раббонӣ ва суоли «Омили бесуботии Тоҷикистон аз куҷо маншаъ мегирад?» пурсидааст, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар посух гуфтааст, ки «устод Раббонӣ ҳамчун як тоҷики асил ва пешвои исломӣ дилаш ба Тоҷикистон ва тоҷикон месӯзад ва вазифаи имониву миллии худро анҷом додааст. Устод худ шоҳиди гуфтушунид ва сулҳи тоҷикон буд, қисме аз ин равандро сарпарастӣ мекард ва барояш сулҳу оромиши миллати мо азиз аст.»

Нуралӣ Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ низ ҳушдори Бурҳониддин Раббониро бисёр бамаврид ва дорои заминаи таърихӣ медонад. Вай мегӯяд, «Устод Раббонӣ соли 1992 пеш аз нооромиҳои Тоҷикистон ба Узбакистон омада буд ва ба Ислом Каримов пешниҳод низ карда буд, ки бояд пеши роҳи нооромиҳои Тоҷикистон гирифт. Каримов бошад мегӯяд, ки мо кор надорем. Аммо дар асл Каримов ҳеҷ гоҳ нисбат ба воқеаҳои Тоҷикистон бетараф набуд.»

Раҳматулло Зоҳиров, раҳбари ҲСДТ низ омилҳои ноором кардани Тоҷикистон аз хориҷро баъид намедонад. Вай гуфтааст, ки «ин гуна тарҳкашиҳо асос доранд, зеро имрӯз бо Узбакистон ва Русия то он дараҷа муносибатҳо хуб нестанд. Аммо аз дигар тараф мебояд гуфт, ки ягон далели мушаххасе, ки исбот шуда бошад то ба ҳол инъикос нашудааст. … Дар маҷмӯъ муносибат бо Узбакистон, Русия Чин ва Иронро бо Тоҷикистон хуб гуфтан намешавад.

«Озодагон» ба қазияи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии радиои ВВС пардохта ва зери сарлавҳаи «Журналистонро акнун узви Ҳизбуттаҳрир медонанд» навиштааст, ки «тақрибан як сол пеш вазири мудофиаи Тоҷикистон журналистонро дар ҳамкорӣ бо террористон муттаҳам карданӣ шуд.»

Дар идома нашрия аз қавли Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси маркази таҳлилии «Диалог» навиштааст, ки «дар Тоҷикистон ҳеҷ хабарнигор аз ҳар гуна иттиҳомот эмин нест. Ба хусус барои узвият дар ин ё он гурӯҳи мамнӯъшуда. Зеро айбдор кардан ба чунин узвият хеле содда аст, бо гузоштани варақаҳо метавонанд хабарнигорро муттаҳам намоянд.»

«Наҷот» ҳадафи қабули «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд»-ро бедин кардани мардум арзёбӣ кардааст. Нашрия матни суханрониҳои намояндагони ҲНИТ дар порлумон-Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайниро чоп кардааст, ки ҷаноби Кабирӣ гуфтааст, ки «агар ба ин боваред, ки масҷид ҷойи сулҳу оромиш аст ва ҳама динҳои осмонӣ, аз ҷумла Ислом сулҳу оромӣ ва тарбия аст, пас чаро тарзи муносибати мо ба ин макони муқаддас дигар аст? Яъне манъ доштани як ҷавони тоҷик аз рафтан ба масҷид тақрибан баробари он аст, ки ҷавонеро аз макони шаробнӯшӣ манъ медоранд, бардошт чунин метавонад бошад, ки агар макони дилхушӣ ва сархушӣ хатарнок аст. Масҷид низ ҳамин гуна хатар доштааст ва ин аз мантиқи матни қонуни мазкур бар меояд.»

Ҷаноби Кабирӣ афзудааст, «агар ин тавр нест, чаро навраси то синни 18-соларо аз рафтани масҷид боз медорем, дар ҳоле, ки ҷавони тоҷик зери таъсири интернету даҳҳо сарчашмаи ахборот қарор гирифтааст? Дар ҳоле, ки масҷид сарчашмаи тарбияи дуруст ва нодирест барои фарзанд ва ҳамин тавр хоҳад буд.»
XS
SM
MD
LG