Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидгоҳҳо ба хуруҷи сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон


Маҳофили коршиносии Тоҷикистон ба эълони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон назароти мухталиф доранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд, аз ин, ки Амрико нияти берун кардани нерӯҳои худро аз Афғонистон дорад, баёнгари он аст, ки ё амалиёт дар он ҷо ба нокомӣ дучор шудааст ва ё вазъ ба ҳадде ором шудааст, ки дигар Амрико масъулияти худро анҷомшуда меҳисобад ва қисман нерӯҳои худро берун мекашад.

Ба назари ҷаноби Кабирӣ, «кам кардани нерӯҳои хориҷӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

дар Афғонистон ва минтақаи мо, на танҳо ба нафъи Афғонистон, балки ба нафъи минтақа, аз ҷумла мо тоҷикон ҳам ҳаст. Билохира мо бояд ба ин ҳадде расем, ки масъулияти таъмини амният дар кишварҳои минтақа, бар дӯши кишварҳои худи минтақа бошад. Ба ҳар сурат, фикр қобили дастгирист ва барои Тоҷикистон берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон нафъ хоҳад дошт.»

Ба назари оқои Кабирӣ, Тоҷикистон метавонад дар амалиёти берун кашидани нерӯҳои амрикоӣ як нуқтаи транзит бошад дар ҳоле, ки аз роҳи Покистон эҳтимоли ба душвориҳо мувоҷеҳ шудани нерӯҳои амрикоӣ вуҷуд дорад. Ва кишварҳои Осиёи Миёна метавонанд аз ин фурсат суди иқтисодӣ ҳам бардоранд, чун ба ҳар сурат НАТО, ба вижа Амрико зарурат ба минтақаи убур аз хоки Афғонистон доранд ва Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Миёна метавонад чунин имкониятро барои Амрикова НАТО фароҳам созад.

Аммо ба назари Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ қабл аз ҳама ба манфиати Афғонистон аст. Ба ақидаи ҷаноби Зоирова адами таъмини амният дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи ин нерӯҳо аз ин кишвар, барои Тоҷикистон низ паёмади хубе нахоҳад дошт. Оқои
Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ

Зоиров мегӯяд: «Имрӯз будани қӯшунҳои Амрико барои Тоҷикистон агар 50 дарсад манфиатнок бошад, 50 дарсад зидди манфиати Тоҷикистон аст. Барои он, ки қӯшунҳои амрикоӣ оромиро дар Афғонистон таъмин карда натавонистанд.»

Ба ақидаи ҷаноби Зоиров, аз ҷиҳати назариявӣ рафтани Амрико барои Тоҷикистон аҳамияти калон надорад ва бар зидди манфиати Тоҷикистон ҳам нест, зеро ҳама чиз вобаста ба қудрати амалкунанда дар ҳокимияти давлатии Афғонистон мебошад, ки он то кадом андоза устувор амал карда метавонанд.

Аммо Мусо Асозода, аз ҲХДТ Тоҷикистон ба ин назар аст, ки агар ин тасмими Барак Обама барои худнишондиҳӣ ва маъракаи интихоботӣ бошад, пас ин на ба манфиати Афғонистон ва на ба манфиати Тоҷикистон мебошад.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик ба ин бовар аст, ки Амрико аз Афғонистон дер ё зуд бояд хориҷ бишавад, зеро
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик

зеҳни таърихии мардуми афғон ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар кишвари худро ҳамеша ба унвони истило(истеъмор) дониста ва барои Амрико низ аз ин нуқтаи назар дурнамо рӯшан нахоҳад буд. Аз сӯи дигар бо ихроҷи баъзе аз нерӯи низомии худ аз Афғонистон, Амрико ба дунболи истиқрори пойгоҳҳои низомии худ дар манотиқи мухталифи Афғонистон ва ба хусус манотиқи шимолии ин кишвар мебошад.

Ба назари ҷаноби Бекмуҳаммад, «вале агар дар як ё ду соли оянда Амрико нерӯҳои низомияшро аз Афғонистон ба сурати комил хориҷ бинамояд, қатъан рӯи вазъи амниятии минтақаи Осиёи Миёна ва аз ҷумла Тоҷикистон таъсири номатлуб хоҳад гузошт, зеро имрӯз нерӯҳои амниятии Афғонистон барои муқобила бо Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротии мавҷуд дар ин сарзамин омода нестанд ва то соли 2014 ҳадди ақал барои омадагии нисбии ин нерӯҳо дар Афғонистон ҳам Амрико ва ҳам НАТО ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд талошҳои лозимро ба харҷ бидиҳанд."
XS
SM
MD
LG