Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Амрикову Чин дар Сурхоб. Бозии компютерӣ.


Акс аз бозии компютерии "Амалиёти "Флашпойнт. Сурхоб"
Акс аз бозии компютерии "Амалиёти "Флашпойнт. Сурхоб"

Минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон. Соли 2013. Даргириҳои хунин. Садои автомату таркиши мина ва ғурроси чархболҳои ҷангӣ.

Тоҷикистон зери тасарруфи гурӯҳҳои тундрави исломӣ қарор дорад ва барои ба низом даровардани вазъ ва берун овардани ҷангҷӯён нерӯҳои баҳрии Амрико вориди ин кишвар мешавад. Артиши озодихоҳи Чин ҳам ба ин бархӯрд мепайванданд ва ҷанги байни қудратҳо дар ин кишвар авҷ мегирад.

Ин сужаи бозии комютерии «Оперейшн флешпойнт. Ред ривер» аст, ки то чанд рӯзи пеш дар наворфурӯшиҳои Душанбе бо номи «Тоҷикистон 2013» маъруф ва серхарид буд. Аммо ҳоло дигар дарёфту хариди бозии мазкур барои хоҳишмандон ғайриимкон шудааст. Ахиран мақомоти Тоҷикистон бо нигаронӣ аз паёмаду таъсири ин бозии ҷангҷӯёна, ки ба гуфтаи онҳо ҷанбаҳои иғвоангезӣ ҳам дорад, ба рӯҳияи наврасону ҷавонон, фурӯши онро қатъиян манъ кард.

Тасмими мазкур пас аз баррасии ҷаласаи ахири парлумони кишвар гирифта шуд, ки дар он масъалаи паҳншавии ин бозӣ баррасӣ шуда буд. Дар ин ҷаласа Давлаталӣ Давлатзод вакили парлумон, намояндаи Ҳизби халқӣ - демкоратии ҳоким бо ишора ба диски дар даст будааш гуфт, нашру паҳнсозии ин бозӣ, беҳадаф нест ва он «оҳанги ошкоро иғовгаронаи сиёсӣ» дорад:

«Албатта, ин бозии компютерӣ бошад ҳам, як иғвогарии навбати нисбати Тоҷикистон аст ва мо мефаҳмем, ки киҳо, кадом қувваҳо ҳавасманданд, ки чунин иғвогариро ташкил кунанд. Аз ҷониби дигар ин ҳавасмандии кишварҳои абарқудрат бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари дар ҳақиқат ояндадор аст.»

«Оперейшн Флешпойнт. Ред ривер» Бозии ҷангии комютерӣ, ки саҳнаи даргириҳои он дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аст, аз сӯйи ширкати бритониёии «Codemasters» нашр ва моҳи апрел ба бозор пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дискҳои бозии мазкур ба ин кишвар ба таври қочоқӣ, аз тариқи Руссия ворид гардидааст. Маҳз Тоҷикистон интихоб шудани макони даргирии бофтаи ин бозӣ, ва маҳз соли 2013 интихоб шудани замони он, дар расонаву маҳофили мухталифи Тоҷикистон вокунишу назарҳои зидду нақизеро ба бор овардааст. Як гурӯҳ бо таваҷҷӯҳ ба маъракаи муҳимии сиёси кишвар, ки низ дар соли 2013 дар назар гирифта шудааст, мегӯянд, нашру паҳн шудани бозии компютерӣ роҷеъ ба Тоҷикистон тасодуфӣ нест.

Саъдулло Халифаев, як хабарнигори ҷавони тоҷик, ки ин мавзӯъро омӯхта ва худро дар нақши бозингари он ҳам таҷриба кардааст мегӯяд:

“Қаблан низ чунин бозиҳо дар Ғарб таҳия мешуданд, аммо он ҷо макони бофта интихоб мешуд, ин навбат он воқеӣ аст. Дар бозӣ манзараҳои деҳоти Тоҷикистон дида ва маълумот дар бораи ин кишвар дода мешавад. Фикр мекунам, ки ин мавзӯъ бояд аз сӯйи масъулони кишвар ҷиддӣ қабул шавад ва набояд дар баробари чунин наворҳо чашм пӯшид”.

Аммо аксарият бар ин боваранд, ки манъу мусодираи бозии мазкур аз дискфурӯшиҳои кишвар наметавонад роҳҳали ин масъала бошад. Чун онро дар интернет низ ба осонӣ метавон дастрас кард.

Акрами Абуқаҳҳор, як ҷавони дигари тоҷик, нигронии мақомотро дар робита ба ин бозии компютерӣ беасос мехонад. Ба андешаи Акрам бозии «Оперейшн флешпойнт» ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад. Таҳияву паҳн сохтани чунин бозиҳои ҷангҷӯёна, ки муштариёни зиёд дорад, аз сӯйи муаллифону ширкатҳо танҳо бо як ҳадаф, он ҳам тиҷорат ва даромади маблағ сурат мегирад.

Ӯ мегӯяд: "Азбаски дар Тоҷикистон солҳои 1992-1997 ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ин сенарияи омода барои муаллифони бозӣ буд, барои ҳамин Тоҷикистонро интихоб карданд . Фикр мекунам пайдоиши чунин як бозии компютерӣ Тоҷикистонро дар байни истифодабарони бозиҳои комютерӣ дар ҷаҳон маъруф мекунад, аммо албатта ба таври негативӣ, чун он Тоҷикистонро ҳамчун як давлатӣ ҷангзада муаррифӣ мекунад”

Вале чун аксар истифодабарандагони ин бозии пур аз саҳнаҳои даҳшатноки қатлу куштор ва манзараҳои хунин ҷавонону наврасонанд, гуфта мешавад, бадтарин таъсир низ маҳз ба онҳо хоҳад расид.

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, тамошо ва иштирок дар чунин бозиҳо, дар кӯдакону наврасон ҳисси бадбинӣ ва ҷангҷӯиро бедор мекунад.

«Мавзӯе, ки дар ин бозӣ матраҳ шудааст, аз як ояндаи бисёр хатарноке дарак медиҳад ва онро нохудогоҳ дар зеҳни ҷавонону наврасон ҷой медиҳад. Ба назари ман бояд кӯшиш кард, ки ҳеҷ кӯдаки тоҷик дар ин рӯҳия тарбия нашавад. Бубинед, ҷавонҳоеро, ки соатҳову солҳоро бо ин бозиҳо мегузаронанд, оҳиста-оҳиста фарҳанги хушунату ҷанг ва ғайри табииро дар зеҳну андешаи онҳо ҷой мекунад»

Оқои Юсуфӣ, мусодира ва аз бозор берун овардани дискҳои ин бозиро иқдоми хубу саривақтӣ унвон мекунад. Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистонро мебояд ин гуна зуҳуротро қатъиян маҳкум ва интишору вориди онро ба кишвар манъ кунад.
XS
SM
MD
LG