Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангрез ҷони шаш мусофирро гирифт


Дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рушон дар натиҷаи сангрез ва бархӯрди санг ба як мошини мусофирбар, 6 нафар ҳалок гардиданд.

Ба иттилои сардори хадамоти автомобили вилояти Бадахшон Тоҷиддин Назришоев, бар асари ғелиши санг ва бархӯрдани он ба автомашина, ронанда идоракунаии нақлиётро аз даст дода, автомашина ба дарё cарозер шудааст. Дар дохили худрав 9 мусофир ҳузур доштаанд, ки танҳо се нафарашон тавонистанд худро берун кашанд ва наҷот ёбанд.

Барои нахустин бор нест, ки сангрез дар ҷодаҳои Бадахшон боиси садама ва ҳалокати ронандагону мусофирон мешавад. Қаблан бар асари чунин ҳодиса дар маҳалли Шидз афтомашина ба об афтода, 9 нафар ба ҳалокат расида буданд. Дар масири Роштқалъа бошад санг ба автомашинаи сабукрав бархӯрда, раиси ҷамоати деҳот ва ронандаашро ҳалок сохт.

Ба гуфтаи масъулини идораи роҳҳои Бадахшон, роҳҳои нақлиётӣ дар ин вилоят бештар аз 2,5 ҳазор километр тӯл мекашанд, ки 60 дар сади роҳҳо барои сафар хатарнок арзёбӣ мешаванд ва таҳдиди ҳамешагии тарма, сел ва сангрез мусофиронро дар ҷодаҳои Бадахшон ҳамеша дунболагир ҳастанд. Аммо амалисозии барномаи куллан бехатаргардонии роҳҳои Бадахшон ба миллионҳо сомонӣ зарурат дорад.

Ба гуфтаи масъули идораи роҳҳои Бадахшон, ба хотири ҷилавгирӣ аз хатароти табиӣ танҳо дар масофаи якчанд километри роҳи Хоруғ - Ӯш дар даврони собиқ шӯравӣ иншоотҳои муҳофизатии пӯшида сохта шуда, бунёди шабеҳи онҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Тайи дар солҳои охир иншооти пешгирикунандаи хатароти офати табиӣ танҳо дар қитъаи роҳи Зиғар-Хостави ноҳияи Дарвоз сохта шуданд.
XS
SM
MD
LG