Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бохти «Истиқлол» ва ғалабаи даҳуми "Равшан"


Лаҳзае аз бозии "Вахш" ва "Истиқлол" дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа
Лаҳзае аз бозии "Вахш" ва "Истиқлол" дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳои рӯзи 18-уми июн чунин аст:

“Вахш” (Қӯрғонтеппа) - “Истиқлол” (Душанбе) - 1:0 (Аҳтам Ҳамроқулов, дақиқаи 61-ум)

“Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) - “Энергетик” (Душанбе) – 0:0

“Гвардия” (Душанбе) - “Хайр” (Ваҳдат) -1:5 (Мирзобек Мирзоев - ду гол, Далер Шарифов, Низом Раҳимов, Муҳаммад Дустгалӣ - як голӣ ("Хайр") ва Сӯҳроб Шарифов ("Гвардия”).

Ду бозии дигари даври 17-ум рӯзи 19-уми июн баргузор шуд. “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо “Шодмон”-и Ҳисор рақобат кард. ”Равшан» мизбони ин бозӣ буд ва бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд.
Голҳоро Ширин Наимов, Зокир Абдулхайров, Индус Ҳусейнов ва Фозил Сатторов заданд.

Инчунин бегоҳи якшанбе дастаи мизбон - “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода қувваозмоӣ кард. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Голи "Хуҷанд"-ро Муҳаммад Умматқулов, легионери узбакистонӣ ва голи меҳмононро Рустам Идрисов ба ҳадаф расониданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 34 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Равшан» бо 32 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Регар-ТадАЗ» бо 27 имтиёз дар ҷои саввум қарор доранд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 10-голӣ пешсафанд. Фозил Сатторов (“Равшан”) 9 гол задааст. Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”) ҳашт, Габриэл Донто ва Шодибек Ғаффоров (ҳарду - “Энергетик”) 7-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1. "Истиқлол" 13 11 1 1 30-7 34
2. "Равшан" 15 10 2 3 28-9 32
3. "Регар-ТадАЗ" 14 8 3 3 27-14 27
4. "Хайр" 14 8 2 4 25-14 26
5. "Энергетик" 16 7 2 7 21-22 23
6. "Вахш" 15 6 1 8 15-16 19
7. ССКА “Помир” 15 6 1 8 22-26 19
8. "Хуҷанд" 15 5 4 6 16-21 19
9. “Шодмон” 15 4 2 9 18-27 14
10. "Парвоз" 15 4 2 9 15-33 14
11. "Гвардия" 15 1 2 12 12-40 5

Даври 18-ум

22 июн (чоршанбе)
«Хайр» - «Вахш»
ССКА «Помир» - «Равшан»

23 июн (панҷшанбе)
«Шодмон» - «Парвоз»
«Истиқлол» - «Хуҷанд»

24 июн (ҷумъа)
«Энергетик» - «Гвардия»
XS
SM
MD
LG