Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як куштаи боронгариҳои рӯзи 12-уми июн


Бар асари боронгариҳои шадиди рӯзи гузашта, як нафар дар шарқи Тоҷикистон ҷони худро аз даст додааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, боронгарии шадид ва фаромадани сел дар километри 8-уми шоҳроҳи Рашт--Навобод, мунҷар ба кушта шудани корманди 44-солаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, Саидхоҷа Толибов, шудааст.

Нигорахон Солеҳова, як корманди дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, шахси мазкур, ки савори худрав барои анҷоми вазифаи хидматӣ мерафтааст, дар чанги сел монда, ба дарёи Сурхоб сарозер шудааст. Наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро танҳо субҳи имрӯз пайдо кардаанд.



Ҳамзамон боронҳои ҳамроҳ бо тӯфони рӯзи гузашта, дар иддае аз навоҳии вилояти Хатлон низ хисорот ворид намудааст. Ба гуфтаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари ин офати табиӣ дар ноҳияи Ёвон ҳудуди 80 хона қисман вайрон шудаанд.

Дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон низ боду борон дарахтон ва хонаҳои истиқоматиро тахриб намуд.

Боронҳои шадид дар иддае аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷумла Ашт, Панҷакент, Ғончӣ ва шаҳри Қайроқум роҳҳои мошингард, пулҳо, киштзорҳо, хатҳои интиқоли барқ ва хонаҳои истиқоматии аҳолиро вайрон кардааст.

Ба гуфтаи бону Солеҳова, дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодисаҳо барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ коммиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ташкил шуда, кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG