Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷоми ШОС”: Русия – ғолиб, Тоҷикистон – дар ҷойи 4-ум


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ШОС” бахшида ба 10-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Остона баргузор шуд, мақоми чаҳорумро касб кард.

Ин мусобиқа бо ширкати 6 даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Қазоқистон-1 бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид ва дар даври дуввум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дастаи Тоҷикистон (сармураббиаш Маҳмадҷон Ҳабибуллоев) бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “А” дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Футболбозони ҷавони тоҷик 10-уми июн бо дастаи мунтахаби Чин, ки дар гурӯҳи “В” дуввум шуд, барои медалҳои биринҷии мусобиқа талош карда, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрданд. Чин севум ва Тоҷикистон чаҳорум шуданд.

Дастаи Қазоқистон-1 (сармураббиаш Берн Шторк), ки дар бозии аввали худ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд, бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи “А” гардид ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Русия (сармураббиаш Дмитрий Аленичев), ки бар тимҳои Чин ва Қазоқистон-2 бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз шуд, дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 10-уми июн дар варзишгоҳи “Остона-Арена” баргузор шуд, мунтахаби Русия бар тими мизбон - Қазоқистон-1 бо ҳисоби 4:1 ғолиб омад ва барандаи “Ҷоми ШОС” гардид.

Дастаи Қирғизистон, ки бар тими Қазоқистон-2 бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд, дар ҷойи панҷум қарор гирифт.

Инҳо бозигарони беҳтарини мусобиқа эълон шуданд: дарвозабони беҳтарин Вячеслав Юсупов (Русия), ҳимоятгари беҳтарин Ярослав Овсянников (Русия), нимҳимоятгари беҳтарин Исломбек Куат (Қазоқистон), ҳамлагари беҳтарин Александр Илин (Русия) ва голзани беҳтарин Сергей Сипатов (Русия).
XS
SM
MD
LG