Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷоми ШОС”: Тоҷикистон ва Чин барои ҷойи севум талош мекунанд


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ШОС” бахшида ба 10-солагии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона ҷараён дорад, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро касб кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими Қазоқистон-1 бо ҳисоби 3:4 мағлуб гардид ва дар даври дуввум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дастаи Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар гурӯҳи “А” дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Футболбозони ҷавони тоҷик 10-уми июн бо дастаи мунтахаби Чин, ки дар гурӯҳи “В” дуввум шуд, барои медалҳои биринҷии мусобиқа талош хоҳанд кард.

Дастаи Қазоқистон-1, ки дар бозии аввали худ бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд, бо 6 имтиёз ғолиби гурӯҳи “А” гардид ва ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Русия, ки бар тимҳои Чин ва Қазоқистон-2 бо ҳисоби якхелаи 4:0 пирӯз шуд, дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард

Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ, ки шоми 10-уми июн дар варзишгоҳи “Остона-Арена” баргузор мешавад, мунтахаби Русия бо тими мизбон - Қазоқистон-1 барои ба даст овардани “Ҷоми ШОС” рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG