Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССКА “Помир” ба нишони эътироз майдонро тарк кард


Тими ССКА “Помир”-и Душанбе
Тими ССКА “Помир”-и Душанбе

Рӯзи 31-уми май бозиҳои даври 12-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Эраҷ Холов дар дақиқаи 21-ум ва Индус Ҳусейнов дар дақиқаи 60-ум заданд.
Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон ин ҳодиса 2-юми июн дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия баррасӣ хоҳад шуд...


Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат низ бар тими меҳмон - “Энергетик” бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари мизбонон, ки дар ин бозӣ дар дақиқаҳои 22-юм, 68-ум ва 87-ум се гол ба самар расонд, хет-трик кард. Зимнан, Мирзобек дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 8 гол ба ҷои аввал баромад.

Голи нахустини “Хайр”-ро дар ин дидор Далер Шарифов дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд. Ду голи меҳмононро Габриэл Донто (дақиқаи 25-ум) ва Сорбон Карамов (дақиқаи 90-ум) заданд.

Дар воқеъ, Донто ва бозигари “Равшан” Фозил Сатторов шашголӣ, Абдурасул Раҳмонов (“Гвардия”), Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”), Индус Ҳусейнов (“Равшан”), Комил Саидов (ССКА “Помир”) ва Худойдод Нусратов (“Шодмон”) панҷголӣ задаанд.

Дастаи “Гвардия”-и Душанбе аз тими меҳмон - “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Голҳои “Шодмон”-ро Комрони Мирзохон (дар дақиқаи 56-ум) ва Маҳмадсаид Бобомуродов (88) ва як голи “Гвардия”-ро Абдурасул Раҳмонов (66) ба самар расонданд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Камолҷон Ортиқов дар дақиқаи 78-ум ба тӯри дарвоза зад.

Вале бозии ССКА “Помир”-и Душанбе - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “ССКА” дар дақиқаи 29-уми бозӣ қатъ шуд. Баъди он ки сардовар Олим Норбоев (аз шаҳри Душанбе) ба дарвозаи мизбонон пеналти ё ҷаримаи 11-метра таъин кард (ҳисоби бозӣ 2:1 ба фоидаи ССКА “Помир” буд), мизбонон ба нишони эътироз

ба ҳукми сардовар майдонро тарк намуда, аз идомаи бозӣ даст кашиданд.

Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон ин ҳодиса 2-юми июн дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия баррасӣ хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, пас аз бохти ССКА “Помир” дар даври 11-ум дар меҳмонӣ аз тими “Хайр” бо ҳисоби 0:3 сармураббии низомиён Карим Тошпӯлодов аз вазифааш истеъфо дод. Дар айни ҳол Ҳусейн Шодиев, мураббии ҳайати дуввуми даста, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ССКА “Помир” мебошад.

Дастаи “Равшан” пас аз ғалабаи 7-ум бо 23 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал баромад. Тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки аз бозии даври 12-ум озод буд, бо 22 имтиёз дар ҷойи дуввум аст, вале қаҳрамони Тоҷикистон се бозӣ камтар анҷом додааст. Дастаи “Хайр” бо 20 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

11

7

2

2

18-8

23

2.

"Истиқлол"

8

7

1

0

19-3

22

3.

айр"

10

6

2

2

17-7

20

4.

егар-ТадАЗ"

10

6

1

3

19-12

19

5.

"Энергетик"

11

5

1

5

16-18

16

6.

"Хуҷанд"

11

4

3

4

11-15

15

7.

ССКА “Помир”

11

4

1

6

17-18

13

8.

Шодмон”

11

4

1

6

17-19

13

9.

"Вахш"

11

3

0

8

10-15

9

10.

арвоз"

11

3

0

8

11-27

9

11.

вардия"

10

1

2

7

8-21

5


Даври 13-ум
3-юми июн (ҷумъа)


«Равшан» - «Парвоз»
«Вахш» - «Хуҷанд»
ССКА «Помир» - «Энергетик»
«Хайр» - «Регар-ТадАЗ»
«Гвардия» - «Истиқлол»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG