Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассиси кордону шоиста ё забондону ношоиста?


Донистани забони тоҷикӣ барои мутахассисоне, ки ба идораҳои давлатӣ истихдом мешаванд, ҳатмӣ шудааст.

Ҳоло агар Шумо ҳамчун мутахассис мехоҳед, дар ниҳодҳои қудратӣ ва ё дар идораҳои дигари давлатӣ кор кунед, ба ҷуз хонапурӣ кардани пурсишнома, ҳатман сатҳи забондониятон низ мавриди санҷиш қарор дода хоҳад шуд.
Барои тоҷикҳо курсҳои таълими забони давлатӣ ташкил дода нашуд, ки тарзи навишти ҳуҷҷатҳо, гузоришнигорӣ, коргузориро дар идораҳои давлатӣ биёмӯзанд ва натиҷаашро имрӯз мебинем...


Тоҷикистон ду даҳсола аст, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода, вале натавонистааст сатҳи онро ба забони воқеии коргузорӣ расонад.

Мутахассисони бархе аз вазорату идораҳои муҳими давлатӣ бинобар нокифоятии дониши забони тоҷикиашон навиштани гузоришу аризаву бархе аз санадҳоро ба забони русӣ анҷом медиҳанд.

"ҲАНӮЗ БА ЗАБОНИ РУСӢ МЕНАВИСАНД"

Саидмурод Шарифов, сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати хадамоти давлатии Тоҷикистон, мегӯяд: "Албатта, мутахассисон дар идораҳои давлатӣ аз рӯи озмун қабул карда мешаванд ва тоҷикидонии онҳо шарти асосист. Лекин аксари кулли идораҳои давлатӣ, аз барномаи рӯзи корӣ сар карда, то содир намудани фармонҳоро ба забони русӣ пеш мебаранд, ки ин хилофи қонуни амалкунандаи забони давлатӣ мебошад."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
Линки мустақим


Вакили мардумӣ аз Кумитаи тартибот, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Намояндагон, Абдумузаффар Инъомов низ мегӯяд, "ба 20-солагии истиқлоли кишвар мерасем, вале дар идораҳо ва вазоратхонаҳо ҳанӯз ҳам мутахассисон ба забони давлатӣ тасаллут надоранд ва коргузорӣ ба ин забон дуруст сурат намегирад. Бинобар ин, ба ин масъала заминаи қонунӣ дода шуд."

МУШКИЛИ ДОНИШҶӮЁНЕ, КИ ДАР ХОРИҶ ХОНДААНД

Ҳоло Тоҷикистон дар як шароити сангини иқтисодӣ қарор дорад, ки пеш овардани дониши забони давлатӣ наметавонад ба масъалаи доштани мутахассиси шоиста дар вазоратхонаҳо мусоидат кунад.

Ба назари Беҳзод Исомиддинов, тайи чанд соли ахир даҳҳо донишҷӯи тоҷик бо тахассуси мухталифи замонавӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон баргашта, ҳадафи идомаи кор дар идораҳои давлатиро доранд, аммо аксари онҳо бо сабаби ин ки забони тоҷикиро хуб намедонанд, пушти дари идораҳо мондаанд.

"Он донишҷӯёне, ки пас аз хатми донишгоҳҳои хориҷӣ ба кишвар бармегарданд, ба иллати надонистани забони давлатӣ дар кӯча мемонанд ва ночор Тоҷикистонро тарк мекунанд. Ин паҳлуи масъалаҳоро ҳам бояд ба эътибор гирифт. Дар ҳоле ки барои донишҷӯёни дохилӣ омӯзиши забони давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст",-афзуд ӯ.

ДАВРАҲОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Беҳзод Исомиддинов ва дигар ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, сӯъистифода аз дониши забони давлатӣ ҳангоми ба кор гирифтани мутахассис дар идораҳо боз як василаи дигаре хоҳад шуд, ки барои мутахассиси шоиста як монеаи дигар эҷод карда шавад.

Аммо як корманди Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, агар мутахассиси шоиста дониши зарурии забонро надошта бошад ҳам ба кор гирифта мешавад ва дар ҷараёни кор ба омӯзиши забон фаро гирифта хоҳад шуд.

Ҳоло дар назди вазоратхонаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ давраҳои омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Вале забоншиносон мегӯянд, ин давраҳо ҳамаҷониба барои як нафаре, ки мехоҳад забонро ба ҳадди лозим биомӯзад, кофӣ нест.

МУТАХАССИСИ КОРДОН Ё ЗАБОНДОН?

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ин назар аст, ки дар гузашта пас аз қабули забони давлатӣ барои русзабонҳо курсҳои омӯзиши забони давлатӣ таъсис дода шуда буд, вале барои тоҷикҳое, ки ба омӯзиши забони коргузорӣ ниёз доранд, чунин давраҳои омӯзишӣ ба роҳ монда нашудааст: "Бале, барои тоҷикҳо курсҳои таълими забони давлатӣ ташкил дода нашуд, ки тарзи навишти ҳуҷҷатҳо, гузоришнигорӣ, коргузориро дар идораҳои давлатӣ биёмӯзанд ва натиҷаашро имрӯз мебинем."

Ба ин тартиб, аксар ҳамсӯҳбатони мо таъкид мекунанд, ки дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистони фақир мутахассиси кордону шоиста аз афроди забондону ношоиста муҳимтар аст.
XS
SM
MD
LG