Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия боҷи содироти бензинро боз ҳам афзоиш дод


Сар аз якуми июн, Русия боҷи содиротии маводи сӯхтро барои Тоҷикистон боз ҳам афзоиш медиҳад.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, ин тасмими ҳукумати Русия ҷиҳати ба эътидол даровардани бозори дохилии ин кишвар гирифта шудааст.

Тибқи қарори ҳукумати Русия, боҷи содиротӣ барои нафт ва фаровардаҳои нафтӣ ба Тоҷикистон аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ 1,8 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Як намояндаи кобинаи Русия гуфтааст, ин тасмим муваққатӣ буда ва ваъда супурдааст, ки дар ҳолати бартараф шудани ин мушкил, ин таруфаҳо лағв хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 дарсади маводи сӯхтро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Дар моҳи майи соли ҷорӣ низ, Русия таруфаҳои маводи сӯхт барои Тоҷикистон ва Қирғизистонро боло бурд, вале дертар барои Қирғизистон муқаррароти нав эъмол намуд.

Русия аз моҳи майи соли гузашта барои содироти нафт ба Тоҷикистон боҷи содиротӣ ҷорӣ намуд, дар ҳоле ки аз соли 1995 то соли 2010 Тоҷикистон бар асоси таруфаҳои имтиёзӣ маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекард.

Болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон, ки ба дунболи ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ аз сӯи Русия иттифоқ уфтод, боис ба болоравии қимати дигар молу коло дар бозорҳо шудааст ва акнун яке аз масъалаҳои аслӣ барои иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

РОҲИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛА ЧИСТ?

Дар тобистони соли гузашта сарвазири Тоҷикистон тибқи номае аз ҳамтои русии худ Владимир Путин хост, ки боҷи содиротиро барои Тоҷикистон лағв кунад. Аммо ин таруфаҳо лағв нашуд. Русия ҳоло барои кишварҳои узви Иттиҳодияи Гумрукӣ ва инчунин барои Қирғизистон маҳсулоти нафтиро бидуни боҷи содиротӣ мефурӯшад.

Аксари коршиносон яке аз роҳҳои ҳалли масъаларо аз миён бурдани монополияи ширкатҳои русӣ дар бозори нафтии Тоҷикистон медонанд. Дар ҳоли ҳозир ширкати "Газпромнефт"-и Русия воридкунандаи аслии бензин ба Тоҷикистон аст ва бино ба омори расмӣ, 92 дарсади бозори маҳсулоти нафтиро таҳти инҳисори худ дорад.

Ба гуфтаи коршиносони тоҷик, як роҳи дигари ҳалли масъала, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ аст. Иттиҳодияи иборат аз Русия, Белорус ва Қазоқистон. Аммо Русия ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, ҳоло моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия низ нест.
XS
SM
MD
LG