Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон. Сафар ба Аврупо дар фазои нав


Эмомалӣ Раҳмон сафари 6-рӯзаи худ ба кишварҳои аврупоиро дар авоили моҳи июн, аз Фаронса оғоз хоҳад намуд.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар ҳадафи аслӣ ҷалби сармояи кишварҳои хориҷӣ ва ҳамкории давлатҳои ғарбӣ дар барномаҳои муҳими энержии Тоҷикистон низ будааст.

САФАРИ РАҲМОН ЧӢ АРМУҒОНЕ ХОҲАД ДОШТ?

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ин сафар аз пеш тарҳрезишуда буда Эмомалӣ Раҳмон аз чаҳор кишвари аврупоӣ- Фаронса, Австрия, Маҷористон ва Люксембург дидан мекунад ва дар Парлумони Аврупо суханронӣ хоҳад кард.



Ҳалқаҳои мухталифи сиёсию иқтисодии Тоҷикистон, ки аз ҳоло ба чигунагӣ ва чӣ натиҷа дар пай доштани ин сафар рағбат нишон медиҳанд, мегӯянд, ки ин сафар дар ҳалли баҳсҳои минтақавии марбут ба барномаҳои энергетикии Тоҷикистон, нақши калидӣ хоҳад бозид.

Раиси Маркази стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Сӯҳроб
Cӯҳроб Шарифов

Шарифов ба ин назар аст, ки ҳамакнун баҳси барномаҳои энергетикии Тоҷикистон аз бигу магӯҳои сиёсӣ ба марҳилаи дигар, ба таҳлилу баррасӣ ва изҳори назари коршиносони ҳамин соҳа гузашт.

Ба қавли ӯ, сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле ба Аврупо рост меояд, ки дар мавриди барномаҳои энержии Тоҷикистон, хусусан дар мавриди обанбори Роғун баҳои мусбати коршиносону мутахассисони аврупоӣ баён дошта шудааст: «Ман фикр мекунам, ки баҳои мусбати коршиносон, бисёр суолҳоро аз миён мебардорад. Барои он, ки Ғарб идея ё пешниҳодеро дар шуури худ қабул кунад, пеш аз ҳама ба машварату баҳогузории коршиносон таваҷҷӯҳ мекунад. Вақте, ки онҳо назари худро баён доштанд, сипас ба ин масъала баҳои сиёсӣ дода мешавад.»

ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ ҒАРБӢ


Тавре ба назар мерасад, натиҷагирии Бонки Ҷаҳонӣ аз экспертизаи Роғун мусбат хоҳад буд ва эҳтимол ин амр ба сармоягузориҳои аврупоӣ дар Роғун роҳ кушояд. Ҳоло Ғарб инро медонад, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои фақиртарин ва осебпазири минтақа ба шумор меояд, вале инро ҳам ба хубӣ медонанд, ки барномаҳои энергетикӣ ва имконоти ин кишвар дар баҳрабардории барқи арзон бештар мебошад.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки бидуни рушди саноат дар кишваре мисли Афғонистони ҷангзада, намешавад дар роҳи ба даст овардани эътимоди мардум ҳарф зад. Ҳоло Тоҷикистон бо кишварҳои ғарбӣ, аз
Харитаи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки қарор аст бо сармояи давлати Фаронса сохта шавад

ҷумла бо Фаронса дар заминаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ ба Афғонистон муносибати нек дорад.

НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР МИНТАҚА

Ба назари устоди факултаи муносиботи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназаров, Тоҷикистон ин имконеро дорад, ки тибқи барномаҳои мухталифи Иттиҳодияи Аврупо, барои рушди кишварҳои минтақа нақши муҳим бозад: «Сафари якҳафтаинаи президент Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо на танҳо барои ҷалби сармоягузории нерӯгоҳҳои обию барқии кишвар аст, балки барои тавсеъаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо барномаҳои кишварҳои Аврупо дар доираи созмонҳои ин минтақа ба мисли Иттиҳодияи Аврупо, САҲА дар амри тарақии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.»

Раиси Маркази пажӯҳишҳои стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ки ҳоло кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд ҳарчӣ зудтар Афғонистонро аз як минтақаи дар ҳоли ҷанг ба як кишвари ғайринизомӣ табдил диҳанд, ки фароҳам овардани шароити рушди саноат, масъалаи мубрам ба шумор меояд.

Барои баҳрабардорӣ аз захираҳои барқи арзони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар амри рушди Афғонистон, кишварҳи аврупоӣ дар ҳалли мусбати баҳсҳои байни кишварҳои Осиёи Миёна, минҷумла байни Тоҷикистону Узбакистон бар сари идомаи сохтмони Роғун мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG