Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мубориза"-и рангу коғаз бо фасоди молӣ


Фасодзадагии ҷомеаи Тоҷикистон, ришваситонии мансабдорон ва ришвадиҳии корафтодагон мавзӯи нахустин намоишгоҳи марбут ба ин мавзӯъ дар Тоҷикистон буд, ки рӯзи 23-юми май дар боғи "800-солагии Маскав"-и пойтахт ифтитоҳ шуд.

Ҳарчанд бо манзури мубориза бо фасоду ришва коҳиши ин падидаи заъфи ҷомеа Оҷонсии хосе дар Тоҷикистон таъсис шудааст, аммо аксари мардум ба ин боваранд, ки ришваситониву ришвадиҳӣ ҳанӯз ҳам як усули ҳалли мушкили корафтодагон боқӣ мондааст.

Таҳлилгарон мегуянд, бар изофаи мушкилоти иқтисодӣ, нокофӣ будани маоши моҳонаи кормандони мақомоти давлат, аз сӯи аксари мардум ба сифати як амри ҳатмӣ пазируфтани ришваситониву ришвадиҳӣ аз сабабҳои нокомӣ дар ҳалли мушкили мубориза бо фасоду ришва боқӣ мондааст.

Дар зимн, дастандаркорони намоишгоҳи "Ҳунар бар зидди фасоду ришва" мегӯянд, тасмим доранд, бо нерӯи рангу коғаз дар мубориза бо фасоду ришва бо мардум ва мақомоти масъул бипайванданд.

Муборизаи рангу коғаз бо фасоду ришва
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00
Линки мустақим

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG