Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адвокат фаъол нест ё роҳаш бастааст?


Қонунҳои ҷории кишвар фаъолияти адвокатҳоро тазмин мекунанд, аммо онҳо аз маҳдудиятҳои ҳуқуқии худ розӣ нестанд.

Ба қавли вакилони мудофеъ, муфаттишон дар ҷараёни тафтиши парванда то андозае ба онҳо сарду нописандона нигоҳ мекунанд ва ҳаракат менамоянд, ки адвокат камтар бо айбдоршаванда рӯ ба рӯ шавад. Аз ин рӯ ба аризаҳои адвокатҳо ё дер посух медиҳанд ё ин, ки ба муддати нокифоя иҷозати вуруд ба назди айбдоршаванда медиҳанд.

МАҲДУДИЯТҲОИ ҲУҚУҚИИ АДВОКАТҲО

Зафар Қурбонов, адвокати тоҷик
Зафар Қурбонов, як вакили мудофеъ мегӯяд: «Ин монеъаҳои сунъӣ танҳо ба хотири ин ҳастанд, ки зерҳимояҳои адвокатҳо пуштибонии ҳуқуқӣ пайдо накунанд ва ҳар санаду бурҳоне, ки барои тафтишот лозим аст, ироа накунанд. Ман ин бархӯрдро албатта нақзи ҳуқуқи боздоштшуда ё худ шахси айбдоршаванда медонам.»

Ба қавли ҳуқуқдони тоҷик Ойниҳол Бобоназарова, фарҳанги адвокатура дар Тоҷикистон дар сатҳи бисёр поин қарор дорад. Ва маҳз аз ин ҳолат муфаттишҳо истифода мебаранд. Давлат кӯшиш намекунад, ки ҳуқуқу эътибори вакили мудофеъро боло барад ва дар тафтишу баррасии парванда баробар бо муфаттиш ҳаққи дастрасӣ диҳад: «Худи адвокатҳо ҳам суст ҳастанд, вақте, ки ба онҳо иҷозат намедиҳанд, чаро алайҳи муфаттиш шикоят намекунанд, ариза пешниҳод намекунанд. Дар ҳақиқат дар бисёр ҳолат ба адвокатҳо иҷозаи вуруд ба боздоштгоҳҳо барои мулоқот бо зерҳимояро намедиҳанд, ҳатто аслан иҷоза намедиҳанд, ман дар таҷрибаи кории худам дидаам.»



Ойниҳол Бобоназарова таъкид мекунад, ки тафтишҳои нокифояи бидуни адвокат ва якҷониба, ки ниҳоят ба ҳукмҳои ғайриодилона мекашонад, маҳз дар сурати ширкати фаъол надоштани адвокат дар ҷараёни тафтишот
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

рух медиҳанд.

ҲУЗУРИ НОМУАССИРИ АДВОКАТҲОИ ТОҶИК

Ҳуқуқдонҳо ва созмонҳои байналмилалии масоили ҳуқуқ ҳузури вакили мудофеъро дар ҷарёни тафтишот бисёр муҳим мешуморанд.

Аммо дар Тоҷикистон дар аксари ҳолатҳо, ҳузури адвокат муассир нест ва будани он дар ҷараёни тафтишот ҳамин қадар лозим аст, ки бигӯянд вакили мудофеъ дар мурофиа иштирок дошт, вале амалан вай ҳеҷ гуна кореро анҷом намедиҳад.

Аксари муфаттишони додситониҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба мо танҳо қонунҳоро мисол меоранд, ки ҳамаи имконият ба вакилони мудофеъ дода шудааст, аммо чаро аз додани иҷозатномаи саривақтӣ ба адвокат сарпечӣ мешавад, худро ба нодонӣ мезананд.

Абдусамеъ Додобоев, сардори бахши равобити байналмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки адвокатҳо таҳсилкардаи факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ҳастанд ва ҳуқуқи худро хуб медонанд. То ҳол аз кадом вакили мудофеъ дар ин маврид шикояте ба додситониҳо нарасидааст.

ОЁ АДВОКАТҲО КАМҲАВСАЛААНД?

Абдусамеъ Додобоев, сардори бахши равобити байналмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон
Ба қавли ҷаноби Додобоев, худи адвокатҳо камҳавсала ҳастанд: «Агар муфаттиш иҷозатнома надод, болотар аз он прокурор истодааст, ба ӯ муроҷиат кунад вай агар гӯш надод ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Қонунро медонанд, аз ваколатҳои худашон бохабар ҳастанд, ман бори аввал мефаҳмам, ки ба адвокат иҷозат надодаанд.»

Ба қавли вакилони мудофеъ, агар парванда сиёсӣ ва ё пурсарусадо бошад, дарёфти иҷозатнома барои ворид шудан ба назди зерҳимоя ё худ шахси айдборшаванда мушкилтар мешавад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Тоҷикистон мегӯяд: «Ҳоло ман ҳимоятгари айбдоршаванда, мудири кулли ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов мебошам. Муфаттиш дар ибтидо ба ман иҷозатнома барои мулоқотҳои мувақатии як рӯза медод. Ин моро водор мекунад, ки ба муфаттиш боз дархости иҷозатномаи нав кунем. Вале дархостҳои мо барои як ҳафта, ҳатто даҳ рӯз тӯл мекашад. Инҷо ҳам ҳуқуқи айбдоршаванда ва ҳам вакили мудофеъ поймол мешавад.»

Чунин муносибат ба вакили мудофеъ дар ҷараёни тафтиши парвандаҳо, ба қавли ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова, ба ҳукмҳои ғайриодилона меорад, ки дар натиҷа айбдоршавандаҳо мувофиқ ба амали аслии содирнамудаи худ ҷазо намегиранд.

Ҳатто дар филмҳои хориҷӣ мебинем, ки шахси боздоштшуда ва умуман айбдоршаванда бидуни ҳузури вакили мудофеъ ҳарфе намезанад ва ин амали худ, яъне баёни ҳаргуна фикреро ҳатто дуруст ҳам бошад бидуни адвокат нодуруст мешуморанд.
XS
SM
MD
LG