Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар бозии даври даҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи шанбе, 21-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баргузор шуд

Се голи мизбононро Мансур Ҳакимов (ду гол) ва Хайрулло Ғайбуллоев (як гол) ба самар расониданд.

Як голи дастаи “Равшан”-ро Фозил Сатторов ба нишон расонд. Дар зимн, ин голи шашуми Фозил Сатторов дар мусобиқаи имсола аст ва алъон ӯ дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба ҷои аввал баромад.

Бо вуҷуди ин бохташ, дастаи “Равшан” бо 20 имтиёз аз даҳ бозӣ мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ доштааст.

Тими “Парвоз”, ки акнун дастаи пештози “Равшан”-ро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод, бо нӯҳ имтиёз ба ҷои ҳаштум баромад.

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ки нисбат ба тими “Равшан” чаҳор бозӣ камтар анҷом додааст, бо 16 имтиёз дар ҷом дуввум аст. “Регар-ТадАЗ” бо 15 имтиёз дар қатори севвум мебошад.

Се бозии дигари даври даҳум шоми 22-юми май ба анҷом мерасад:

"Регар-ТадАЗ" - ССКА "Помир"
"Энергетик" - "Хайр"
"Хуҷанд" - "Вахш"


Эзоҳ: Бозии "Истиқлол" - "Гвардия" ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG