Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Дар шаҳри Тошканд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод бо ширкати зӯртарин паҳлавонони қора баргузор шуд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 7 паҳлавон дар ҳамаи вазнҳо ширкат кард.

Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, дар рақобатҳо дар вазни то 84 килограмм дар даври муқаддамотӣ бар Шиняа Масумотои ҷопонӣ пирӯз шуд. Вале Юсуф дар даври баъдӣ аз Салмон Аминии эронӣ шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони тоҷик барои ҷои севум аз Заурбек Сохиеви узбакистонӣ мағлуб гашт.

Гуштигирони дигари тоҷик - Гавҳар Истодаков дар вазни то 55 кг, Фарҳоди Усмонзода (то 60 кг), Манучеҳр Малаев (то 66 кг) ва Азамат Сӯфиев (то 74 кг) дар даври аввал ноком гаштанд.

Боз ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Искандари Рустам (то 96 кг) ва Эраҷ Холов (то 120 кг) дар даври муқаддамотӣ мағлуб гардиданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:


то 55 кг

1) Янг Кйонг (Кореяи Шимолӣ)
2) Яширо Инаба (Ҷопон)
3) Ли Ву Ҷу (Кореяи Ҷанубӣ)
3) A.Р. Баласоҳиб (Эрон)

то 60 кг

1) Даурен Ҷумъағозиев (Қазоқистон)
2) Мустафо Гадир (Эрон)
3) Батсайхан Немекбайар (Муғулистон)
3) Ри Йонг Мойнг (Кореяи Шимолӣ)

то 66 кг

1) Янг Чун Сонг (Кореяи Шимолӣ)
2) Ихтиёр Наврӯзов (Узбакистон)
3) Батчулун Анкбайар (Муғулистон)
3) Иннокентий Иннокентиев (Қирғизистон)

то 74 кг

1) Рашид Қурбонов 87 (Узбакистон)
2) Жанг Чонгао (Чин)
3) Ли Йон-Сеок (Кореяи Ҷанубӣ)
3) Пуревжа Унурбат (Муғулистон)

то 84 кг

1) Салмон Аминӣ (Эрон)
2) Қанат Бердиев (Қазоқистон)
3) Ойбек Юсуфов (Қирғизистон)
3) Заурбек Сохиев (Узбакистон)

то 96 кг

Қурбон Қурбонов (Узбакистон)
2) Амири Муродилӣ (Эрон)
3) Натсагсурен Золбо (Муғулистон)
3) Шабонбой Давлат (Қазоқистон)

то 120 кг

1) Артур Таймазов (Узбакистон)
2) Газеми Неъмат (Эрон)
3) Денг Свей (Чин)
3) Яргалсейкхан Чулумбат (Муғулистон)

Паҳлавонони тоҷик, инчунин, дар сабқати қитъавӣ дар шаҳри Тошканд дар риштаи гуштии юнониву румӣ, ки рӯзҳои 21-ум ва 22-юми май доир шуд, ширкат карда, аз медалҳо бенасиб монданд.


Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа

то 55кг

1) Арсен Эралиев (Қирғизистон)
2) Илдар Ҳафизов (Узбакистон)
3) Ҳоҷӣ Пур Муҳсин Ҳусейн (Эрон)
3) Ли Ҷун Байк (Кореяи Ҷанубӣ)

то 60кг

1) Алмат Кебиспаев (Қазоқистон)
2) Анил Кумар (Ҳиндустон)
3) Папи Абдулмуҳаммад (Эрон)
3) Дилшод Орифов (Узбакистон)

то 66 кг

1) Алӣ Исмоил Муҳаммадӣ (Эрон)
2) Ким Мин Чул (Кореяи Ҷанубӣ)
3) Бейбит Нӯъмонов (Қазоқистон)
3) Хироюки Шимтсу (Ҷопон)

то 74 кг

1) Муҳсин Қосимӣ (Эрон)
2) Ким Ҷин Хойк (Кореяи Ҷанубӣ)
3) Асхат Дилмуҳаммадов (Қазоқистон)
3) Азизбек Муродов (Узбакистон)

то 84 кг

1) Алӣ Акбарӣ (Эрон)
2) Чо Хой Чул (Кореяи Ҷанубӣ)
3) Дуан Нинг (Чин)
3) Рустам Султонов (Узбакистон)

то 96 кг

1) Евгений Ачкасов (Узбакистон)
2) Довуд Гилнранг (Эрон)
3) Ан Чанг Гун (Кореяи Ҷанубӣ)
3) Муҳаммад Абутабеҳ (Урдун)

то 120 кг

1) Башир Асғар (Эрон)
2) Менг Кванг (Чин)
3) Салмон Алӣ Салмон (Ироқ)
3) Мурод Рамонов (Қирғизистон)
XS
SM
MD
LG