Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишел Платини ба Душанбе меояд


Мишел Платини, раиси Иттиҳоди созмонҳои футболи Урупо (UEFA)
Мишел Платини, раиси Иттиҳоди созмонҳои футболи Урупо (UEFA)

Мишел Платини, раиси Иттиҳоди созмонҳои футболи Урупо (UEFA), рӯзи 8-уми июн ба Душанбе меояд.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод.

Вай гуфт: “Ба ҳайъати вакилони UEFA бо роҳбарии Мишел Платини хазинадори UEFA Мариос Левкаритис, дабири кулли Созмони футболи Озарбойҷон Элхон Мамедов, мудири бахши созмонҳои миллии UEFA Теодор Теодоридис, мушовири ҳуқуқии UEFA Патрик Блаттер, сардори департаменти рушди созмонҳои миллӣ ва мушовири раиси UEFA Паскал Торрес шомиланд.”

Ба гуфтаи масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон меҳмонон тӯли сафари дурӯзаи корӣ бо вазъи футбол дар кишвар ошно мешаванд.

Инчунин меҳмонон дар ҷараёни сафари худ бо мақомоти Тоҷикистон ва раҳбарияти Федератсияи футболи кишвар мулоқот хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG