Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти Бозиҳои варзишии Тоҷикистон


Марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо пирӯзии дастаи мунтахаби Душанбе-1 ба анҷом расид.

Муовини саркотиби ин Бозиҳо Сайидраҳмон Раҳмонов, мудири бахши сертификатсия ва кор бо муассисаҳои таълимиии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш ва муайян намудани дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ баргузор шуд, ҳудуди 1000 варзишгар, аз он ҷумла беш аз 300 зан, аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат дошт. Ба барномаи Бозиҳо 12 навъи варзиш - баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, тенниси рӯи миз, таэквон-до ITF, инчунин, 5 навъи гуштӣ - миллӣ, озод, юнониву румӣ, дзю-до ва самбо шомил буд. Занон дар 5 намуд – баскетболу волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва таэквон-до рақобат карданд. Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Чкалов, Ваҳдат , Турсунзода ва ноҳияи Рашт доир шуд.”

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими Душанбе-1 бо касби 109 медал – 65 тилло, 19 нуқра ва 25 биринҷӣ ғолиб омад. Дастаи Хатлон-1 бо касби 65 медал – 18 тилло, 25 нуқра ва 22 биринҷӣ дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дастаи Душанбе-2 бо касби 71 медал – 13 тилло, 23 нуқра ва 35 биринҷӣ севум шуд.

Мавқеи дастаҳои дигар чунин аст: 4.Суғд – 71 медал (12+24+35). 5.Шаҳру навоҳии тобеи марказ – 52 (8+22+22). 6.ВМКБ – 21 (4+4+13). 7.Хатлон-2 – 29 (2+5+22). 8. Ноҳияҳои водии Рашт – 8 (1+1+6).

Дастаи Душанбе-1 дар 10 навъи варзиш – баскетбол (мардону занон), бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол (мардон), гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзю-до, таэквон-до ITF ва тенниси рӯи миз ҷойҳои аввалро соҳиб шуд.

Дастаи занонаи волейболи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони қаҳрамони Бозиҳо мушарраф гашт.
Сабқати самбо бо пирӯзии дастаи Хатлон-1 поён ёфт. Дастаи гуштии миллии шаҳру навоҳии тобеи марказ мақоми аввалро касб кард.

Ба гуфтаи оқои Раҳмонов мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон дар навъҳои алоҳида, ба истиснои дзю-до, ҳамзамон мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ба ҳисоб мерафт. Ғолибон бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз мешаванд.

Сайидраҳмон Раҳмонов афзуд, ғолибони Бозиҳои варзишӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар маросими ҷамъбасти “Ҳафтаи ҷавонон”, ки 23-юми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, бо ҷавоизи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG