Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC


Тими "Истиқлол" дар Мянмар
Тими "Истиқлол" дар Мянмар

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки дар бозии дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Мянмар - шаҳри Янгон, бар тими "Йидзин"-и Бутан бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Бозиҳои даври дуввуми гурӯҳи "B" рӯзи 15-уми май дар варзишгоҳи "Маркази тамринии ҷавонон”-и шаҳри Янгон барпо гардид.
Сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин дастаҳои “Истиқлол” ва “Яданарбон” ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфтанд...


Нахуст дастаҳои “Истиқлол” ва “Йидзин” вориди рақобат шуданд. Дар ин бозӣ Фарҳод Тоҳиров 4 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев 2 гол, Дилшод Восиев ва Акмал Сабуров якголӣ заданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мизбон - "Яданарбон"-и Мянмар тими "Ҷабал Ал-Мукабир"-и Фаластинро бо ҳисоби 4:3 мағлуб кард. Бояд тазаккур дод, ки мизбонон баъди се гол хӯрдан ба худ омада, ҳисобро баробар карданд ва дар дақиқаи охирини дидор бозиро ба нафъи худ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, "Истиқлол" дар нахустин бозияш бар тими "Ҷабал Ал-Мукабир" бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Иброҳим Рабимов ба самар расонданд. Тими "Яданарбон" бошад, дастаи "Йидзин"-ро бо ҳисоби 6:0 шикаст дода буд.

Ҳоло "Истиқлол" бо 6 имтиёз (таносуби тӯбҳояш 10-0) дар ҷои аввал қарор дорад. "Яданарбон" низ 6 имтиёз ба даст овардааст, вале бо дарназардошти таносуби тӯбҳо (10-3) дар ҷои дуввум мебошад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии охирини сабқати гурӯҳи “В” рӯзи 17-уми май бо дастаи мизбон - "Яданарбон", барандаи феълии Ҷоми раиси AFC, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар бозии дигари даври севум тимҳои “Ҷабал Ал-Мукабир” ва “Йидзин” бо ҳам рақобат хоҳанд кард, вале новобаста аз натиҷаи ин бозӣ футболбозони Фаластин ва Бутан аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раиси AFC маҳрум гаштанд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегирад. Сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин дастаҳои “Истиқлол” ва “Яданарбон” ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё роҳ ёфтанд. Мизбонон ва футболбозони тоҷик барои ғолиб шудан дар гурӯҳи “В” талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG