Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "доғ"-и Сино


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 12 бештар аз 23 ҳазору 700 нафар дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе иштирок карданд, ки 34 дарсади раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи хабари ситоди номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Сино, Толибшоҳи Сайидзода, то кунун ҳудуди 13-15 дарсади раъйдиҳандагон ба қитъаҳои овоздиҳӣ омадаанд.
Ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода дар бораи берун карда шудани хабарнигорони тоҷик аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар ҳавзаи Сино хабар медиҳад...


Масъулони ситод мегӯянд, нозирони онҳо дар қитъаҳои раъйдиҳӣ дар баробари назорати ҷараёни интихобот, инчунин, ҳузури раъйдиҳандагонро низ назорат мекунанд.

Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии Сино дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, дар ин ҳавза 70 ҳазор афроди қобили раъй ҳастанд, ки дар 47 қитъаи овоздиҳӣ ба ҷонибдории яке аз чаҳор номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон раъйи худро хоҳанд дод.

Субҳи рӯзи якшанбе, 15-уми май, замоне ки мо ба қитъаҳои раъйдиҳии рақами 43 ва 44-и ҳавзаи Сино омадем, мардум бо ширкати андак ҳузури худро дар интихобот нишон медоданд.


Яке аз раъйдиҳандагон гуфт, ки азбаски рӯзи якшанбе аст, мардум бештар ба масъалаҳои хонаводагӣ банд ҳастанд.

Аммо бархеи дигар аз сокинони шаҳр гуфтанд, ки аз интихоботҳои ношаффофи гузашта медонанд, ки раъйи онҳо ба эътибор гирифта намешавад, аз ин рӯ алоқаи ҷиддӣ ба ин маъракаи сиёсӣ зоҳир намекунанд.

Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии Синои шаҳри Душанбе ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ", Мирзонабии Холиқзод

То соати нӯҳи субҳ, ки мо дар ҳузури раҳбари ҳавзаи интихоботӣ будем, тариқи телефонӣ яке аз нозирон аз қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот иттилоъ дода гуфт, ки дар яке аз қитъаҳои овоздиҳӣ як нафар ба ҷои наздиконаш раъй додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода, яке аз номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон дар тамоси телефонӣ ба мо гуфтанд, ки нозирони онҳо қонуншиканиҳоеро, мисли раъйдиҳии як нафар ба ҷои чанд нафар ва ё раъй додан бидуни пешниҳоди шиноснома ошкор кардаанд.



Ҳамчунин, ситоди интихоботии Толибшоҳи Сайидзода, ки ба таври худпешбарӣ дар ин сабқати интихоботӣ иштирок дорад, дар бораи берун карда шудани хабарнигорони тоҷик аз қитъаҳои овоздиҳӣ хабар медиҳад.

Бино ба хабарҳои ситоди ҷаноби Сайидзода, хабарнигорон - Ниҳонӣ Қадамова аз қитъаи рақами 35 ва Фарангис Холзода аз қитъаи рақами 11 берун карда шудаанд. Ин манбаъ мегӯяд, раҳбарони қитъаҳои раъйдиҳӣ ба онҳо таъкид кардаанд, ки хабарнигорон наметавонанд бештар аз як соат дар қитъаҳои раъйиҳӣ биистанд.



Дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси Намояндагон дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе чаҳор номзад барои курсии вакилӣ мубориза мебаранд. Барои сабқат дар ин интихобот намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби аграрӣ ва ду номзади мустақил сабти ном шудаанд, ки намоётарини онҳо Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" мебошанд.

Аммо Сайидиброҳими Назар, намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба нишони эътироз аз ворид нашудани намояндагонаш ба ҳайати комиссияҳои раъйшуморӣ аз ширкат дар интихобот сарфи назар кард.

Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба иллати қатъи зудраси ваколатҳои намояндаи он дар парлумон, Шермаҳмади Шоҳиён, доир мегардад. Шермаҳмади Шоҳиён, вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG