Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дигари "Истиқлол" дар Мянмар


Бозигарони тими "Истиқлол"-и Душанбе
Бозигарони тими "Истиқлол"-и Душанбе

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии дуввуми сабқати гурӯҳии Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар пойтахти Мянмар, шаҳри Янгон, бар тими "Йидзин"-и Бутан бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуд.

Ин бозии гурӯҳи "B" рӯзи понздаҳуми май дар варзишгоҳи "Маркази тамринии ҷавонони Янгон" дар Мянмар баргузор гардид.

Шоми понздаҳуми май дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаи мизбон - "Яданарбон"-и Мянмар бо тими "Ҷабал Ал-Мукабир"-и Фаластин рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, "Истиқлол" дар нахустин бозияш бар тими "Ҷабал Ал-Мукабир" бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада буд. Тими "Яданарбон" бошад, дастаи "Йидзин"-ро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.

Бар асоси низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегирад. Ҳоло "Истиқлол" бо шаш имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифтааст. "Яданарбон" се имтиёз дорад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии охирини сабқати гурӯҳӣ рӯзи 17-уми май бо дастаи мизбон - "Яданарбон", барандаи феълии Ҷоми раиси АФК, рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Сарфи назар аз натиҷаи ин бозӣ, футболбозони тоҷик ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедаратсияи футболи Осиё роҳ ёфтанд. Мизбонон ва бозигарони "Истиқлол" миёни худ барои ҷои аввал талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG